formula
Ба занҳо ронандагиро манъ карданд!
1009

Ба занону духтарон таҳсил дар мактаби ронандагӣ ва гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ қатъиян манъ шудааст.

Фармон танҳо шифоҳӣ бошад ҳам, аллакай мактабҳои ронандагӣ аз қабули бонувон ба курсҳои омӯзиши маҳорати ронандагӣ сарпечӣ мекунанд.
Ҳукумати “Толибон” додани ҳуҷҷати ронандагиро ба занонудухтарон комилан манъ кардааст.

Ба марказҳои омӯзиши ҳунари ронандагӣ дастур дода шудааст, ки дигар бонувонро ба мактаби ронандагӣ қабул накунанд ва барояшон гувоҳномаи ронандагӣ надиҳанд. Айни замон ин фармон танҳо шифоҳӣ бошад ҳам, мактабҳои ронандагӣ аллакай аз қабули занону духтарон сарпечӣ мекунанд.
Як масъули Маркази омӯзишии ронандагии “Бародарону хоҳарони афғон” дар вилояти Ҳирот ба “Садои Амрико” гуфтааст, ки масъулони мудирияти трофикии Ҳирот ба мо фармон доданд, ки омӯзиши ронандагиро дар фаъолияти бахши занон манъ кунем.”


Раёсати трофии Кобул низ додани гувоҳномаи ронадагиро ба занон манъ кардааст.
Пеш аз оне, ки ҳукумат ба дасти Толибон афтод дар Афғонистон, хусусан дар шаҳрҳои Кобулу Ҳирот бисёр занон сари чамбарак нишаста, бе малол ронандагӣ мекарданд, вале акнун бонувони афғон мошинсавориро дигар дар шаби хобашон мебинанд.

Толибон ҳадаф доранд, ки ронандагиро барои занон ба пуррагӣ манъ кунанд, зеро аз назари онҳо худованд занро танҳо баҳри қонеъ намудани ниёзҳои мард ва кору бори хонаву нигоҳубини кӯдакон офаридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД