Салом хонандагони розшунави ҳафтаномаи “Оила”. Бори аввал аст, ки рози дили худро навишта, ба идораи ҳафтанома ирсол менамоям.
Ман дар як корхонаи бонуфуз кор мекунаму ба марди зандоре дил бастаам. Далерро бори аввал дар корхонаамон дида, бо тамоми ҳастӣ ошиқ шудам. Ҷавонмарди хушқаду қомати заҳматкаш, ҳушу хаёлаш ба фарзандонаш, ҳамеша аз пайи ободонии хонаву дари худ аст. Боре надидаам, ки ҳамроҳи ҳамкоронамон ба тарабхонаву дигар ҷойҳои дилхушкунанда рафта, пулу вақт сарф кунад.
Ҳамеша аз пайи дарёфт намудани ризқу рӯзӣ заҳмат мекашад. Ҳол он ки занаш эркаи пулмаст асту мардаки бечораро рӯз намедиҳад. Ҳамеша аз зиндагиаш норозӣ будани занашро аз зангҳои телефонияш фаҳмидам.
Боре дар корхона ба Далер занг зада, чунон ба сари шавҳараш дод гуфт, ки дашном доданашро тамоми ҳамкоронамон шунидем.
Ман аз як чиз ҳайрон мешавам, чаро ба мардони нағз занҳои бад меафтанду ба занҳои нағз шавҳарони бад? Медонам, ки Далер ҳеҷ гоҳ ишқи маро қабул намекунад, аз ин рӯ, ба вай ошиқ буданамро нишон намедиҳам. Вале дилам ба ин марди асил месӯзад. Намедонам ба ӯ чӣ гуна кумак расонам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Хонандаи “Оила”.