arzon replenishment
БА ВАТАН БАРГАРД, ЭҲСОН!
2179

 

Бо Эҳсон ном ҷавон чанд сол боз шиносем. Ман дар Донишгоҳи тиббӣ мехонаму Эҳсон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ. Азбаски яккаписар аст, волидонаш ҳамин сол ӯро хонадор кардан мехоҳанд.

Ба хонаи мо хостгор фиристод, вале волидони ман розӣ нашуданд. Модараш ба ӯ духтари дигарро пешниҳод карда бошад ҳам, Эҳсон рад намудааст, чунки маро дӯст медорад. Ман ҳам бе ӯ зиста наметавонам. Аз алам чӣ кор карданашро надониста, мактабро партофта ба Русия рафт ошиқи бечораам. Ҳарчанд зориву тавалло кардам, аз роҳаш нагашт. Ҳоло дар шаҳри Москав кор карда истодааст. Гоҳ-гоҳ ба ман занг зада, аҳволпурсӣ мекунад. Модараш ҳар рӯз ба хонаи мо омада мегиряд. Таҳдид карда истодааст, ки агар бо ваъдаи васл писарашро ба Ватан бар нагардонам, ҷазои маро медиҳад. Дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудам, то бо воситаи саҳифаи «Муҳоҷир» ба дӯстдоштаам бигӯям:

Эҳсонҷон, илтимос, ба Ватан баргард!

Н…., ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД