Сафарбарсозии мутташакилонаи муҳоҷирон ба хориҷа оғоз ёфт Самтҳои муҳоҷират торафт васеъ шуда истодаанд.
Имрӯз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик натанҳо ба Русия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, балки ба давлатҳои хориҷӣ низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта метавонанд.
Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Қатар, Қувайт ва Литва равон мекунад.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври мутташакилона сафарбар карда шуда, ҳуқуқу манфиатҳояшон аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешавад.
Киҳо ба Қувайт рафта метавонанд?
Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар https://mehnat.tj нашр шудааст, дар асоси шартнома бо ширкати арабии “Al-Huqooq International Representative of company” ҳудуди 100 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, аз ҷумла табибон, ҳамшираҳои шафқат, ронандагон ва шахсоне, ки лаёқати кор дар меҳмонхонаҳоро доранд, ба таври мутташакилона ба Қувайт сафарбар карда мешаванд.Музди миёнаи меҳнат аз 700 то 4000 доллари амрикоӣ мебошад.
Дар Қатар муҳоҷирон чӣ кор мекунанд?
Ба Қатар 300 нафар муҳоҷирони тоҷик дар асоси шартномаи расмие, ки бо “Recruitment Qatar (Wiza)” баста шудааст, фиристода мешаванд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар бо корҳои кишоварзӣ, сохтмон, моҳидорӣ ва ошпазӣ машғул хоҳанд шуд. Музди меҳнат аз 440 доллар сар мешавад.
Литва сохтмончиён ва ронандагонро даъват мекунад Боз як давлати дигаре, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври мутташакилона сафарбар карда мешаванд, ин Литва мебошад.
Мувофиқи маълумотҳои дар ҷадвали рӯйхати ҷойҳои кории холӣ дар хориҷа нашр шуда ҳудуди 100 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар асоси шартномаи бо “Euro Vis”басташуда ба ин кишвар фиристода мешаванд.
Литва асосан сохтмончиён ва ронандагони мошинҳои борбардорро қабул мекунад. Музди миёнаи меҳнат 800 то 1100 – евро мебошад.
Ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Шахсоне, ки мехоҳанд ба Қатар, Қувайт ё Литва ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108, Телефонҳо барои тамос: 221- 39- 83 ва 221- 39- 67 Фаромӯш накунед!
Дар ёд дошта бошед, ки муҳоҷирати қонунӣ шуморо аз хатарӣ афтидан ба ғуломии меҳнатӣ, ғуломиии шаҳвонӣ, гирифтор шудан ба доми фиреб, ихроҷшавӣ ва бисёр мушкилиҳои дигар наҷот медиҳад. Мо ба шумо роҳи сафед ва сафари бехатар таманно дорем!
Фирӯза Сатторӣ