Commerce bank may-june 2026
Ба ҳудуди 4000 мактаб интернет мегузаронанд
70

Ба наздикӣ қариб 400 мактабҳои кишварамон ба шабакаи интернет пайваст мешаванд. Дар ин бора сарвари Хадамоти алоқа Исфандиёр Саъдулло зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, зикр намудааст, ки мактабҳои шаҳри Душанбе пурра ба шабакаи интернет пайваст шудаанд, аммо дар кишвар боз 3 ҳазору 500 мактаби дигар боқӣ мондааст, ки бояд ба интернет васл шаванд.

“Тибқи лоиҳаи асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал 400 мактаб ба шабака пайваст карда мешавад. Корбарӣ бо Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ барои пайваст намудани 3500 мактаби дигар ба интернет идома дорад. Дар сурати пайдо шудани имконияти молиявӣ тамоми мактабҳо ба интернет пайваст карда мешаванд”,- гуфтааст Исфандиёри Саъдулло.

Ба қавли роҳбари Хадамоти алоқа, бо мақсади таъмини дастрасии осони хонандагон ба шабакаи интернет низомҳои нав таҳия карда мешаванд, ки ба пойгоҳҳои электронии соҳаи маориф, аз ҷумла “е-Дониш” ё “е-Хониш” нигаронида шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД