arzon replenishment
БА ШОХАШ ЛАТТА БАНДӢ, БА ДИЛДОДААТ МЕРАСӢ?
2292


Истаравшанро Ӯротеппа номидани мардум беҳуда нест, зеро ин шаҳри куҳанбунëд дорои талу теппаҳои зиëде мебошад, ки ҳар кадомашон таърихи худро доранд.

Дар байни ин теппаҳо машҳуртаринашон теппаи “Тал” ва “Қалъаи муғ” мебошанд. Ин ду теппа рӯ ба рӯйи ҳам ҷойгир шуда, шоҳиди воқеаҳои зиëди таърихӣ ҳастанд.

Дар байни мардум нақлу ривоятҳои зиёде дар бораи ин теппаҳо вуҷуд доранд. Мегӯянд, замоне ду бародар дар теппаи Тал ва Қалъаи Муғ зиндагӣ мекардаанд. Муҳаббат ва садоқати ин ду бародар ба андозае бузург будааст, ки ҳар гоҳ косаи хӯрокро ба ҳамдигар дароз кунанд, дастонашон ба ҳамдигар мерасидаанд.

Аз ин ривоят чунин бармеояд, ки гузаштагони мо одамони қавиҳайкал ва бузургҷусса буда, ба ҳамдигар меҳру муҳаббати зиёде доштаанд.
Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки байни низомиëни Тал ва Қалъаи Муғ доим ҷанг мерафтаст. Калонсолон мегӯянд, миëни ду теппа гузаргоҳи зеризаминии махфӣ ҳам ҳаст, ки аз он дар замонҳои ҷанг истифода мебурдаанд.

Қалъаи Муғ азнавсозӣ шуда, дар байнаш амфитеатр барои 5100 нафар қомат афрохтааст.

Ёдгориҳои таърихӣ дар теппаи Тал боқӣ монда бошанд ҳам, алҳол антенаҳои ширкатҳои мобилӣ он ҷо ҷой гирифтаанд.

Дар ин баландӣ се мӯъҷизаи таъиихӣ-курсии сангин, изи пойи асп бо оби ҳамешагӣ ва нахли мурод мавҷуданд, ки бештар бо номи “дарахти ошиқон” машҳур аст. Пайдоиши ҳар се мӯъҷиза ба ҳам алоқаи ногусастанӣ дорад. Тибқи ривоятҳо гӯë замоне Ҳазрати Алӣ (р) ба шаҳри Истаравшан омада, болои теппаи Тал мебарояд. Боногоҳ пойи аспашон ба санге меғӯтад ва ба замин меафтанд. Бо амри худованд санге, ки Ҳазрати Алӣ болояш афтода буд, ба курсӣ табдил меëбад, аз ҷойи изи пойи асп бошад, чашмаи оби мусаффое ҷорӣ мешавад. Вақте ки Ҳазрати Алӣ аз ҷо бархоста ба асои худ так мекунанд, асо ба санг меғӯтад ва аз он дарахти тут месабзад.

Албатта инҳо фақат ривояти мардумӣ ҳастанд ва то куҷо ҳақиқат доштанашон маълум нест, лекин курсии сангин, изи пойи асп, ки ҳамеша об дорад ва дарахти бузурге, ки аз байни санг қомат афрохтааст, то ҳол вуҷуд доранд ва асрори ин мӯъҷизаҳоро то ҳол касе накушодааст.

Дар байни ин се мӯъҷиза “Дарахти ошиқон” ва ё нахли мурод, ки як дарахти дуқӯша мебошад, аз ҳама машҳуртар аст. Мардум ба ин дарахт арҷ мегузоранд ва онро зиёрат мекунанд. Дар байни халқ ақидае роиҷ аст, ки агар дилдодагон бо мурод ба шохаҳои ин дарахт латта банданд, ба муроду мақсади худ расида, шаҳди васлро мечашанд.
Иддае аз волидон фарзандони худро, ки гӯшдард шудаанд, ба ҳамин мавзеъ меоранд ва ба ҷойи изи пойи асп, ки аз он об ҷорӣ мешавад, бо умеди шифо як танга мепартоянд.

Албатта ҷомеа пеш рафтааст ва тафаккури мардум рушд карда, дигар ба нақлу ривоятҳои қадимӣ чандон боварӣ ва эътиқод надоранд, вале ин мӯъҷизаҳо як пораи таърихи халқи мо ҳастанд, аз ҳамин хотир бояд онҳоро эҳтиёт намуда, ҳамчун мероси неки ниёгони худ ба наслҳои оянда боқӣ гузорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД