Шавҳарам пеш аз ба сафар рафтанаш сари ҷаҳл ба ман гуфт, ки агар ба ман занг занӣ, ту ба ман се талоқ не, сию се талоқ. Ду солу се моҳ мешавад, ки ба ӯ занг намезанам ва фақат паёмак мефиристам. Чӣ кор кунам, намедонам. Ба ман маслиҳат диҳед.
Зарина, н. Файзобод
Посухи домул Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, шумо набояд ба шавҳаратон занг занед, дар акси ҳол се талоқ воқеъ хоҳад шуд. Азбаски масъалаи талоқ паҳлуҳои зиёд ва печида дорад, дар сурати доштани имкон ҳамроҳи шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат намоед. Аслан дар гуфтани талоқ инсон набояд шитоб кунад, зеро ин калимаи хеле хавфнок аст ва ҳаёти инсонро тағйир медиҳад.