Arzon march 2024
Ба шахси заҳролудшуда кадом доруҳоро додан лозим аст?
797

Давомаш ...

 

Ба шахсе, ки аз ғизо заҳролуд шудааст, доруҳои зерин кӯмак мерасонанд:

1. Активированный уголь
Дар шакли ҳаб дар дорухонаҳо фурӯхта мешавад. Доруи хеле арзон, аммо таъсирбахш аст, вале онро ба шахсоне, ки захми меъда ё мушкили хунравӣ аз меъдаю рӯда доранд, додан мумкин нест!
2. Карбопект
Дар шакли капсула ва ҳаб фурӯхта мешавад. Доруро ба бемор бо дарназардошти вазнаш додан лозим аст.
Ультра-Адсорб.
3. Лактофильтрум
Микрофлораи организмро дар муддати кӯтоҳ барқарор месозад, вале онро ба шахсоне, ки мушкили ногузароии рӯда (кишечная непроходимост) ва ё захми меъдаю хунравӣ аз меъдаю рӯда доранд, додан мумкин нест.
4. Полисорб МП.
Дар шакли хока дар дар дорухонаҳо фурӯхта мешавад ва бисёр муфид аст.
5. Смекта.
6. Имодиум.
7. Спопдиар.

Диққат!
3 доруи охирро танҳо бо иҷозати духтур ба бемор додан лозим аст. Ин доруҳо шикамравро манъ мекунанд. Ин аз як тараф хуб аст, вале аз тарафи дигар, хориҷшавии заҳро-токсинаҳо аз организм душвор мешавад. Аз ҳамин хотир, доруҳои зидди ислоҳро танҳо духтур ба бемор таъин карда метавонад.
Барои кам кардани дард шумо метавонед ба бемор доруҳои зеринро диҳед:

1. Но-Шпа
2. Папаверин
3. Спазмалгон

Барои халосӣ аз дилбеҳузурӣ ва манъ шудани қайъкунӣ ин доруҳоро ба мариз додан лозим аст:
1. Церукал,
2. Метоклопрамид,
3. Перинорм.

Мариз, агар мушкили сахтшавии дарун дошта бошад, ба ӯ ин доруҳоро диҳед:
1. Нормазе
2. Дюфалак

Барои халосӣ аз микробҳо метавонед доруҳои Фуразолидон, Энтерофурил, Экофурил, Мирофурил, Линекс, Хилак Фортеро ба бемор диҳед.

Дар кадом ҳолат шахси заҳролудшударо ба беморхона бурдан лозим аст?
Маъмулан заҳролудшавиро дар шароити хона табобат мекунанд, вале дар ҳолатҳои зерин маризро ҳатман ба беморхона бурдан лозим аст:

1. Торафт вазнинтар шудани ҳолати бемор.
2. Ба мушоҳида расидани нишонаҳои беобшавии организм.
3. Табларзаи шадид.
4. Аз ҳуш рафтани мариз.
5. Хунравӣ аз даҳон ё қафои мариз.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бунед 2023-08-23, 10:08
Ш турсунзода
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Бунед 2023-08-23, 10:08
Ш турсунзода
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД