Sebiston new 2024 october
Ба сари кал мӯй шинондан ҷоиз аст?
29.01.2023
ОИЛА
895


Феълан амалиёти мӯйисаршинонӣ дар ҳама ҷои ҷаҳон рушд кардааст ва одамони кал аз он истифода мекунанд. Оё анҷом додани амалиёти мӯйсаршинонӣ бароям ҷоиз аст?

Бояд қайд кард, ки ман кал мебошам.
Сарбоз, ш. Душанбе.

         Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Мӯйсаршинонӣ иборат аст аз кӯчонидани решаҳои мӯй аз як минтақаи сари инсон ба минтақаи дигари он. Ҳукми он раво аст, зеро ин як навъ бартарафсозии айб аст, на тағйир додани офариниши Аллоҳ таъоло.Аз Шайх Муҳаммад ибни Усаймин (р) пурсиданд:

“Мӯйсаршинонӣ барои касе, ки кал шудааст, анҷом дода мешавад. Аз пушти сар мӯй мегиранду, онро дар ҷои бемӯй кишт мекунанд. Оё ин ҷоиз аст?”

Чунин посух дод:
“Бале, ҷоиз аст, чунки ин кор аз навъи баргардонидани он чизест, ки Аллоҳ таъоло офаридааст. Ин кор ба манзалаи бартараф кардани айб аст ва аз навъи ороиш ва ё изофа кардан бар офариниши Аллоҳ таъоло ба ҳисоб намеравад. Ин кор аз боби тағйир додани офариниши Аллоҳ таъоло намебошад, балки бартарафсозии нуқсон ва айбу камбудӣ мебошад. Қиссаи се нафаре пӯшида нест, ки яке аз онон кал буд ва гуфт, ӯ дӯст медорад, ки Аллоҳ таъоло мӯяшро ба ӯ баргардонад. Он гоҳ фаришта дасти худро бар ӯ молид. Аллоҳ таъоло мӯяшро ба ӯ бозгардонд ва ба ӯ мӯи зебо дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД