ИДОМААШ...
Иҷоранишин
Пас аз як рӯз ӯ барои зисти доимӣ ба хонаи мо омад, ки хурсандии ман на ҳад дошту на канор. Минбаъд ҳар пагоҳӣ ӯро ба омӯзишгоҳ мебурдаму то нисфирӯзӣ дар хона мунтазираш менишастам ва ҳамин, ки ӯ аз дарс меомад, парвонавор дар гирдаш будам.
Баъзан, мулоқотҳоямонро модарам дида, ҷангам мекард, ки аз духтари мардум худамро канор гирам. Аммо ин гапҳо ба гӯши ман намедаромаданд, зеро оташи ишқ вуҷудамро месӯзонд. Холида чунон маро мафтун карда буд, ки агар соате набинамаш, хона дар назарам мотамхона менамуд.
Баъди шаш моҳ Карим аз муҳоҷират омад. Ӯ Холидаро дар хона дида, ҳайрон шуд, аммо модарам барояш фаҳмонд, ки ин духтар донишҷӯ асту дар шаҳр мехонад.
Холида низ баъди омадани акаам худро мисли бегона ҳис мекард. Ҳатто дар вақти хӯроки шом дигар ҳамроҳамон сари як дастурхон наменишаст, чунки аз Карим шарм мекард. Рӯзе аз дарвозаи хона даромада, бародарамро бо Холида ғарқи суҳбат дидам. Чун маро диданд, ҳар ду парешон шуданд. Рост ба назди акаам омада, пурсидам:
-Ака, бо Холида чӣ суҳбат доштед?
-Чӣ кор дорӣ?-гуфта, акаам ҳам ба хонааш рафт.
Баъди ин, ба назди Холида рафта, аз ӯ дар бораи суҳбаташон пурсидам:
-Ҳеҷ. Фақат аз шароити зиндагӣ ва таҳсилам пурсид,-фаҳмонд Холида.
Ҳар рӯз минбаъд дар бораи суҳбати онҳо фикр мекардам. Мехостам муҳаббатамро ба акаам гӯям, аммо ...
Дарди ҷудоӣ
Як бегоҳ дар сари дастархон мақсадамро ба Каримҷон баён кардам, ки ҷавобаш банди диламро ларзонд:
- Ту аслан чӣ будани муҳаббатро медонӣ? Фикр мекунӣ, ки ин духтар ҳам туро дӯст медорад? Хобатро ба об гӯй, чунки ӯ вақте омӯзишгоҳро хатм кард, аз пайи зиндагии худаш мешавад. Ӯ соҳиб дорад,-гуфт бародарам.
Достони ишқи мо то ба ноҳияи Ҷайҳун рафта, ба гӯши бародари Холида расидааст. Як рӯз вақте Холидаро ба омӯзишгоҳ мебурдам, дар роҳ бо бародари бадҷаҳли ӯ рӯ ба рӯ шудам. Ӯ як ҷавони қадбаланди бузбала будааст. Маро бо хоҳараш дида, дуд аз димоғаш бмаромад:
-Ту чаро бо хоҳари ман мегардӣ? Ӯ ба ту чӣ мешавад?
-Ӯ иҷоранишини хонаи мост.
-Гӯш кун, тирмизак! Аз ҳамин рӯз сар карда, ӯ аз хонаатон мекӯчад,-таъкид кард ӯ.
Холида ҳамон рӯз чизу чораашро гирифта, аз хонаи мо рафт. Баъди рафтанаш суханҳои акаам пеши назарам омаданд, ки гуфта буд: “Ин духтар соҳиб дорад”. Баъди ин, борҳо ба омӯзишгоҳ рафтам, аммо дигар Холидаро надидам.
Падару модарамро ба хонаашон ба хостгорӣ фиристодам. Фикр мекардам, ки волидайни духтар нисбат ба оилаи мо эҳтиром доранду таклифамонро қабул мекунанд, аммо ҷавоби рад шунидем. Ӯ ҳатто поси хубиҳоямонро надид. Медонам, ки Холида ҳар ҳафта ҳафтаномаи “Оила”-ро гирифта мутолиа мекунад. Аз ин рӯ, ба Холида гуфтаниям: Холида, агар ин сатрҳоро мутолиа мекарда бошӣ, бидон ки ту бо рафторат маро куштӣ. Ҷигарамро пораву ба рӯям туф кардӣ!
АНҶОМАШ...