Репсаройи эронӣ Таталуро бо иттиҳоми “куфр” ба қатл маҳкум намудаанд. Дар ин бора The Guardian хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳукми қатли Амир Ҳусайн бо дархости бевоситаи прокурор содир карда шудааст. Қаблан репсаройи эронӣ Таталуро ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум намуда буданд, вале прокурор талаб кардааст, ки ҳукми ӯ сахттар карда шавад.
Ҳангоми баррасии дубораи парванда дар суд Амир Ҳусайн, ки бо лақаби “Таталу” машҳур аст, ба ҳукми қатл маҳкум карда шудааст. Таталуро дар таҳқири паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С.С.) муттаҳам медонанд.