Arzon march 2024
Ба Раҳматшоҳ Қурбонов 6 соли зиндон таҳдид менамояд
836

 

Ба Раҳматшоҳ Қурбонов 6 соли

зиндон таҳдид менамояд

Рӯзи 25-октябр суд ҳукми ронандаи муҳоҷир Раҳматшоҳ Қурбоновро эълон хоҳад кард. 10-майи соли равон автобусе, ки ин ронандаи тоҷик онро идора менамуд, аз болои пул ба дарёи Мойка сарозер афтида, бар асари ин ҳодисаи нохуш 7 нафар мусофирони дар автобус буда ҷон доданд.

Намояндагони прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург дар ҷараёни мурофиаи судӣ хоҳиш кардаанд, ки ба ронанда ҳамчун ҷазо 6 солу 10 моҳи зиндон таъин карда шавад, вале ҳанӯз хулосаи ниҳоии мақомоти судӣ дар ин хусус маълум нест.

Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола зодаи Тоҷикистон буда, шаҳрвандии Федератсияи Россияро низ дорад.

Ӯ гуноҳашро ба гардан гирифта, аз аҳли оилаи қурбониёни садама бахшиш пурсидааст. Ронандаи тоҷик сабаби сар задани ҳодисаро ба хастагии зиёд, кори бисёр ва бехобӣ рабт додааст.

«Ин як тасодуф буд ва албатта ман ҳаргиз намехостам, ки чунин ҳодиса рӯй диҳад. Қаблан суд нашудаам. Бар асари хастагии тӯлонӣ ин фалокат рӯй дод. Умедворам, ки суд ҳукми одилона мебарорад. Дигар гапи мегуфтагӣ надорам. Ташаккур” гуфтааст Раҳматшоҳ Қурбонов зимни суханронии охирини худ.

Ин ронандаи тоҷик дар вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси сар задани садама ва марги зиёда аз ду нафар аз беэҳтиётӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон гаштааст, айбдор дониста шуда, нисбаташ бо қисми 5-и моддаи 264-и Кодекси ҷиноятии Россия парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Айбдоркунандагон пешниҳод кардаанд, ки Раҳматшоҳ Қурбонов ба мӯҳлати 3 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шавад.

Суд рӯзи 25-октябр хулосаи ниҳоии худро бароварда, ҳукми Раҳматшоҳ Қурбоновро эълон хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД