Arzon march 2024
Ба раис қасд дошту фаррошҳоро кушт
1607


Сабаби куштори ду зани ғончигӣ маълум шуд
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо гузашти беш аз ду ҳафта сабаби куштори пурсару садои ду зани фаррошро дар Идораи замини ноҳияи Деваштич расман шарҳ дода, фазои носолими кориро дар ин идора омили ассии сар задани ин фоҷиа номиданд.

Мақомоти милитсия бо нашри як навори видеоӣ Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳияи Деваштичро гумонбари асосӣ дар куштори ду зани фаррош хонда, ҳодисаро ба хусумат доштани Мунавварзода ба раиси кунунии идораи замини ноҳия нисбат доданд.

“Гумонбар аз сабаби доштани хусумати шахсӣ ва қасд нисбати раис, муовин ва дигар хизматчиёни кумитаи мазкур, ки гӯё барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ӯ монеагӣ мекардаанд, бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо ба ташкил кардани далелҳои сунъии бадномкунанда даст зада, бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ду утоқи кории идораи заминро оташ мезанад”,- омадааст даро изҳороти раёсат.

Масъулини ниҳод мегӯянд, дар ин асно, ғайриинтизор фаррошон аз сӯхтор бохабар шуда, мехоҳанд, онро хомӯш кунанд, вале гумонбар Мунавварзода бо мақсади рӯйпуш кардани ҷинояти худ бо корди ошхонагӣ ба нҳо ҳамла намуда, ҳардуро ба қатл мерасонад.

“Мехостам раис ва чанд ҳамкори дигарамро тарсонам. Аловро сар додаму куштам. Дудаш баромада истода буд. Куштам, ки ҳама ҷо дар нагирад. Баъдан баромада аз раисро ҳам даргиронда куштам. Вақти баромадан яке аз фаррошҳоро дидаму сразу подвал фаромада кордро гирифта баромадам. Як корд заданамро дар ёд дорам, тамом.

Дигар ягон чиз дар ёдам нест”, - рафти ҳодисаро нақл карда гуфтааст Саҳобиддин Мунавварзода, гумонбари асосӣ дар куштори бераҳмонаи ду фаррош.
Гуфта мешавад, ки Мунавварзода аввал Умеда Зокироваро бо 8 захми корд ба қатл расонида, баъди он ки Вориса Фозилова ҳодисаро мебинад, ӯро низ бо 13 захми корд ба ҳалокат расонидааст.

“Фазои носолими корӣ дар идораи кумитаи заминсозии ноҳияи Деваштич заминаи фоҷиаи хунинро гузоштааст ва кушташудагон қурбонии тасодуфӣ мебошанд.” – шарҳ додааст, РВКД вилояти Суғд.
Ёдовар мешавем, ки ҷасади Вориса Фозиловаи 56-сола ва Умеда Зокироваи 45-сола рӯзи 17-уми июли соли равон дар Идораи замини ноҳияи Деваштич бо захмҳои зиёди корд дарёфт шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД