Падару модарам кормандони ҳизбӣ буданд ва дар вақти зиндагиашон намоз намехонданд. Чун ҳукумати Шӯравӣ талаб мекард, ки кормандони ҳизб бе дин бошанд. Ман ҳамчун фарзанд ҳақ дорам, ки ба ҷойи падару модарам намозҳои қазоӣ хонда, ба арвоҳашон бубахшам?
Исмоил, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ба ҷойи падару модар намозҳои тарккардаи эшонро гузоридани шумо дуруст нест, зеро аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ибодат кардан ба ҷои каси дигар ҷоиз намебошад. Шумо, агар намози нофила хонда, савоби онро дар ҳаққи падаратон бубахшед, равост.