Дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумон, тарҳи қонуни нави танзими расму анъанаҳоро қабул карданд, ки тибқи тағйиротҳои ба он ворид карда шуда баргузории маъракаҳои ҳоҷиталбон ва пӯшиддани либосҳои бегона (сатру ҳиҷоб) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ расман манъ карда шуд.
Дар моддаи 13-и лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шудааст. Ба ҷойи ин ба ҳоҷиён ва умракунандагон имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, тибқи лоиҳа воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид. Пӯшидани сатр ва ҳиҷоб манъ шуд! Ба ҷойи ҳоҷиталбон роҳу мактаб созед!
Дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумон, тарҳи қонуни нави танзими расму анъанаҳоро қабул карданд, ки тибқи тағйиротҳои ба он ворид карда шуда баргузории маъракаҳои ҳоҷиталбон ва пӯшиддани либосҳои бегона (сатру ҳиҷоб) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ расман манъ карда шуд. Дар моддаи 13-и лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шудааст.
Ба ҷойи ин ба ҳоҷиён ва умракунандагон имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, тибқи лоиҳа воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид.