Салом! Дар як масъала назари уламои дини мубини исломро донистан мехостам. Намозҳои қазошудаи модарамро, ки аз дунё гузаштаанд, ман метавонам хонам ё не? Агар ба ҷойи модарам рўза бигирам, қабул мешавад? Оё зиёрати ҳаҷ ба номи модарам бояд махфӣ сурат бигирад?
Фархунда, ш. Ваҳдат
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз! Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ба ҷои каси дигар намоз гузоридан ё рўза доштан раво нест, вале савоби намозу рўзаи нафли худро ба ў бахшидан равост. Ба ҷойи шахси фавтида ё бемор ҳаҷҷи бадал кардан дуруст аст ва махфӣ анҷом додани он шарт нест.