arzon replenishment
Ба оғӯш гирифтани мурда дар хоб чӣ таъбир дорад?
22.11.2024
ОИЛА.ТҶ
587

Салом! Ман замони донишҷӯӣ устоде доштам, ки бароям ба мисли падар буд. Чанд рӯз қабл ҳамон устодам, ки солҳо пеш аз олам гузаштаанд, ба хобам даромаданд. Дар хоб устодамро ба оғӯш гирифта, аз хурсандӣ гиря мекардам. Ҳайронам, ки чаро баъди 10-12 соли аз олам гузаштанашон устодам якбора ба хобам даромаданд. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

БОНУ, ш. Душанбе

Посух:

- Аслан ба хоби кас даромадани мурдагон ягон бадӣ надорад, агар аз ин вохӯрӣ шахси хобдида дар дил эҳсоси шодмонӣ дошта бошад. Дар хобномаҳо омадааст, ки агар мурда бо хушҳолӣ бо одами зинда дар хоб вохӯрӣ намояд, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида роҳи дурустро интихоб кардааст ва ба зудӣ дар ҳаёташ тағйироти хубе ба алам омада, обрӯю нуфузаш дар байни мардум зиёдтар хоҳад гашт.

Духтари ҷавон дар хоб ягон шахси обруманди аз олам гузаштаро ба оғӯш бигирад, агар коргар бошад, соҳиби мансаби баланд мегардад, бо тиҷорат машғул бошад, кораш омад карда, даромади калони пулӣ ба даст меорад.

Зани синну солаш ба ҷое расида чунин хоб бинад, даромади калони молиявӣ ба даст меорад ё таҷрибаи зиндагиаш афзунтар мегардад. Аммо зани шавҳардор хоб бинад, ки шахси аз олам гузаштаро ба оғӯш гирифта, аҳволпурсӣ карда истодааст, касе аз хешу табор ё дӯстонаш ба наздаш қарзпурсӣ меояд. Додани қарз маслиҳат дода намешавад, зеро ба гумон аст, ки пулатонро бармегардонад.

Зани бе шавҳар хоб бинад, ки бо шахси кайҳо аз олам гузашта вохӯрӣ карда, ӯро ба оғӯш гирифтааст, ба зудӣ бо марди хубе шинос мешавад ва ин вохӯрӣ метавонад ба бунёди оилаи солим асос гузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД