Сабур ном хонандаи сомона навишт, ки дар хобаш ба ғоре афтида истодааст. Чанд нафар аз боло нигоҳ доранд, вале кӯмак намекунанд.
“Яке аз онҳо дасташро дароз кард. Хостам, ки дасташро бидорам, аммо бедор шудам. Лутфан ҷавобашро гӯед”, - навиштааст Сабур.
Шӯрои уламои Тоҷикистон дар қиболи таъбири ин хоб посух дод, ки ҳар хоб эҳтимоли рост ё дурӯғро дорад.
"Бинобар ин, шумо аз ин хоб мушавваш набошед, агар тавонед, ба ягон шахсе садақа диҳед, иншоаллоҳ хайр аст", - тавсия дод Шӯрои уламо ба Сабур.