Formula novemver 2024
Ба одамони арақхӯр хайр кунӣ, савоб мегирӣ?
20.09.2024
ОИЛА.ТҶ
2148

Дар маҳаллае, ки ман зиндагӣ мекунам, чанд одамони ниёзманд ҳастанд. Шукр, ки тиҷорат дорам ва имкон ҳаст, ки ба онҳо кӯмак кунам. Ҳамеша аз рӯйи имкон ба ин оилаҳо маблағ медиҳам, вале бархе аз онҳо бо он пул на танҳо ғизо, балки маводи мухаддир ва машруботи масткунанда ҳам мехаранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки набояд ба онҳо пул бидиҳам. Дигарон мегӯянд, ки ба онҳо кӯмак кунам ва онҳоро ба ҳикмат даъват намоям. Аз шумо маслиҳат пурсиданӣ ҳастам, ки чӣ кор кунам?

СОРБОН, н. Айнӣ

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Шумо беҳтар аст, ки чизҳоеро, ки ин хонаводаҳо ба он ниёз доранд, аз қабили ғизо, либос ва ғайра бихаред. Ин беҳтар аз он аст, ки шумо ба онҳо маблағ бидиҳед ва онҳо худашон чизҳои мубоҳро бихаранд. Дар даъвату насиҳат ва панд додани онҳо идома бидиҳед, зеро ҳаққи ҳамсоягон бар зиммаи шумо бузург аст.

Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҷабраил дар мавриди ҳамсоя ба ман чунон васият мекард, ҳатто гумон бурдам, ки ӯро меросбар хоҳад кард».

Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст. Иншоолоҳ хайри шумо қабул ва ҳамсояи гумроҳатон ҳидоят хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД