Ба дӯкони мо шахсони ношинос барои беҳтар намудани зиндагиашон кӯмак мепурасанд. Фаҳмидан мехостам, ки оё додани закот ба шахси ношиносе, ки аз норасоии зиндагӣ шикоят мекунад, дуруст аст?
Муҳаммад
Посухи намояндаи Раёсати Фатвои ҶТ:
Агар он фарди ношинос дар ҳақиқат фақир ва ниёзманд бошад, пас, додани закот ба ў дуруст аст, вале агар гадои касбӣ бошад, ҷоиз нест, балки ҳаром аст.