Ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия дар ҳаҷми 2 миллиону 54 ҳазору 600 рубл кумакҳои моддӣ расонида шудааст. Аз ин кумакҳо 30 нафар муҳоҷирони ниёзманд баҳравар гаштаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар доданд.
Зикр гардид, ки ҳамчунин дар шашмоҳаи аввали соли 2026 бо мусоидати намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 22 миллиону 454 ҳазору 400 рубл музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аз ҷониби корфармоёни рус пардохт нашуда буд, бо роҳи қонунӣ ситонида шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли равон 20 273 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо мушкилоти гуногун ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кардаанд.