Муҳоҷирони меҳнатие, ки доғи судӣ доранд, новобаста аз вазнин ё сабук будани ҷинояти содир намудаашон аз ҳуқуқи зиндагӣ кардан дар Русия маҳрум шуда метавонанд.
Як гурӯҳ депутатҳои рус бо сарварии Ярослав Нилов ба Думаи давлатии Россия лоиҳаи нави қонунро пешниҳод намудаанд, ки додани иҷозатномаи зист дар қаламрави Федератсияи Россия-РВП-ро ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҷиноят содир намудаанд, манъ мекунад.
Дар сурати қабул шудани ин қонун натанҳо муҳоҷирони ҳанӯз иҷозаи зист нагирифта, балки шахсони РВП дошта низ аз ҳуқуқи қонунии зисту зиндагӣ кардан дар қаламрави Россия маҳрум карда мешаванд, агар ҷиноят содир намоянд. Фарқ надорад, ки ҷинояти содиршуда вазнин аст ё сабук, муҳоҷир ё шаҳрванди хориҷие, ки дар қаламрави ин кишвар ва ё берун аз он даст ба қонуншиканӣ задааст, ҳатто хурдтарин ҷиноятро содир намуда бошад ҳам, аз ҳуқуқи зисту зиндагӣ кардан дар Русия маҳрум карда мешавад.
Мувофиқи қонунҳои ҷории Россия танҳо дар сурати содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ва маҳкум шудан бо ҳукми суд ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи зист-РВП дода намешавад, вале дар сурати қабул шудани қонуни нав минбаъд хурдтарин ҷинояти аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ содир шуда метавонад монеъи гирифтани РВП гардад.