Муҳоҷирони тоҷикро, ки бар асари сӯхтори хобгоҳашон зарари ҷиддӣ диданд, аз тарафи як гурӯҳи муҳоҷирон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, кӯмакҳо фиристоданд.
Дар саҳифаи инстаграми “бобочон 88” наворе, ки дар он ба муҳоҷирони зарардида либосворӣ тақсим карда мешавад, нишон дода шудааст.
Дар ин замина ширкати русиягӣ ба зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик кӯмаки худро мерасонидааст.
Каримҷон Салимзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтаст, ки бо роҳбарияти иншооти мазкур Симонов А.А. ба мувофиқа расиданд ва маблағи барқарорсозии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби ин ширкат пардохта карда мешавад.
Роҳбарияти ширкати мазкур дар таъмин кардани шаҳрвандон бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки 20 октябри соли ҷорӣ дар ҳудуди иншооти сохтмонӣ, ки дар назди метрои “Расcказовка”-и шаҳри Маскави Русия воқеъ гардидааст, сӯхтор ба амал омад.