Gazprom july 2025
Ба муҳоҷирон ёдрас шуданд, ки будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд
166

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори дигар ба муҳоҷирон ёдрас шудааст, ки то 10-уми сентябр будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки то анҷоми муҳлати қонунигардонӣ як моҳи дигар боқӣ мондааст. Гуфта мешавад, ки агар дар ин муддат муҳоҷирон ҳузурашонро дар ҳудуди Русия қонунӣ накунанд, ба "рӯйхати сиёҳ" шомил ва аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Намояндагӣ навиштааст, ки муҳоҷирон барои қонунигардонии будубоши худ метавонанд ба суроғаҳои зерин муроҷиат кунанд:

- КВДФ “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД Русия (ФГУП “ПВС”) дар ҷои иқомати воқеӣ;

- Маркази бисёрсоҳавии “Сахарово” (барои шаҳрвандоне, ки дар Маскав истиқомат доранд).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД