Arzon march 2024
Ба модарам нафрат дорам
06.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1650

Салом! Ман як ҷавондухтари дар нимароҳи зиндагӣ ҳайронмонда, мехоҳам саргузаштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Қариб як моҳ мешавад, ки бо модарам қаҳрӣ ҳастам ва дар хонаи бибиам зиндагӣ карда истодаам. Шояд шумо ба ман лаънат хонда, бигӯед, ки магар кас бо модаре, ки ӯро ба дунё овардааст, қаҳрӣ мешавад, вале қаҳригии ман бо модарам бесабаб нест.

Пештар модарамро сахт дӯст медоштам ва ҳурмату эҳтиром мекардам, аммо рӯзе зани ношиносе ба хонаамон омада, доду фиғон кард, ки очаи шавҳардуздат куҷост? Хун ба сарам зада, меҳмони нохондаро аз хона берун карданӣ шудам, аммо вай маро тела зада аз сари роҳаш дур кард ва тамоми ҳуҷраҳоро кофта баромад. Модарам дар ҳақиқат он рӯз дар хона набуд. Пурсидам, ки ба модарам чӣ кор дорад ва кӣ ба вай ҳуқуқ додааст, ки ба манзили каси дигар даромада, доду фиғон кунад.

Зан бо нафрат ба ман нигариста, гуфт: “Беҳуда тарафи модаратро нагир. Очаи фоҳишаат шавҳари маро аз роҳ баровардааст. Мӯйсафеди гӯрсӯхтаи ман аз риши сафедаш шарм надошта, бо ин ҳаром айшу ишрат карда мегардад. Дар дами пирӣ аз рӯйи ин ду касофати бехирад шармандаю ангуштнамои дӯсту душман шуда мондем...”.

Ба гӯшҳои худам бовар накарда гуфтам, ки ин гапҳо дар ҳаққи модарам тӯҳматанд, очаи ман ҳаргиз чунин корҳоро намекунад. Хулоса, зан лабашро бурмакунон “ба очаат гӯй, ки қадамаша дониста монад, агар дубора бо шавҳари ман айшу ишрат карда гаштанашонро фаҳмам, омада хонаатонро алов сар медиҳам” гуфту баромада рафт. Ҳамон бегоҳ модарам дер ба хона баргашт ва ман қиссаи меҳмони нохондаро барояш нақл кардам. Ранги рӯяш канда, зери лаб пичиррос зад, ки ин беваи гӯрсӯхта адреси хонаи моро аз куҷо ёфта бошад.

Фаҳмидам, ки гапҳои он зан ростанд, аз алам девона шуда, дод задам: “Ман дигар бо ту барин зани бе шарму ҳаё зистан намехоҳам!”.

Модарам ба ҷойи шарм доштан ба рӯям як шаппотӣ зад ва ман қаҳр карда ба хонаи бибиам рафтам.

Инак, як моҳ мешавад, ки дар хонаи бибиам ҳастам. Модарам ҳар рӯз занг зада маро мепурсад, вале дигар на рӯяшро дидан мехоҳаму на садояшро шунидан. Ба модарам нафрат дорам, вале бибиам маро насиҳат карда мегӯянд, ки ҳарчӣ ҳам набошад, модар модар аст, аз гуноҳаш гузарам.

Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

А. Г.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД