ИДОМААШ...
Фирӯза ҳоли падарашро дар торикӣ хеле хира медид, аммо барояш бараъло маълум намешуд, ки падараш дар кадом ҳолат қарор дорад: мурдааст ё зинда?
Ҳатто чароғҳои дастии ниқобпӯшҳо, ки ҳангоми тела додани падараш ба мошин аз ҷониби ниқобпӯшҳо, як лаҳза Диловарро равшан намудор карданд, оиди маълум шудани ҳолати падар ба Фирӯза кӯмак накарданд.
Мошин ба ҳаракат даромад. Дар роҳи сангфарши кӯча ба боло рафт…
Аз мошин нишоне намонду Фирӯза аз ҷояш намеҷунбид. ӯ чун шохи дарахти қоқ дар назди ҳавлӣ зери қатраҳои борон рост меистод; овозаш ҳам намебаромад, дигар гиря намекард. Чунки тарс то ҳол ӯро тарк накарда буд. Аз модараш ҳам дараку пайяке набуд. Модараш суроғи Фирӯза намекард ва ҳардафъа барин аз қафои духтараш Фирӯза гуфта наметохт.
Дар ҳамин ҳолат дарвоза садои огоҳкунандаи худро дигарбора бароварду ба чашмони Фирӯза равшании чароғ расид. Аз ин ақли Фирӯза ба сар омад. Дар рагу пайвандаш гӯё аз нав хун давид, ҷони баромадааш аз нав ба танаш баргашт. Фирӯза чашмонашро калонтар кушода, ба сӯйи равшанӣ бодиққаттар дида духт ва паси равшанӣ сояи одамро эҳсос кард. Боз аз дил гузаронд, ки ҳамон одамони падарашро бурда аз нав баргаштанд. Аз ин рӯ, тарсаш зиёдтар шуда, садо баланд кард. Бо тамоми қувваташ дод зад.
-Хап кун, хап кун, Фирӯзаҷон духтарам. Ин манам, амаки Сафарбегат.
Фирӯза ин садоро шунида қувват гирифт. Суръати ларзиши дасту пойҳояш кунд шуду шодие дар вуҷудаш пайдо гашт. Андешид, ки ҳодисаро ба Сафарбег нақл мекунаду ӯ дар ҳол падарашро аз дасти ниқобпӯшҳо наҷот медиҳад.
-Амаки Сафарбег, онҳо падарамро бурданд, -бо овози ғиҷовагирифта гуфт Фирӯза.
-Медонам духтарам, медонам, ту ғам махӯр, падаратро аз дасти онҳо халос мекунем. Модарат дар куҷост?
-Намедонам.
Амаки Сафарбег Фирӯзаро бардошта ба хонаи Диловар даромад. Зани Диловарро рӯйи ҷойгаҳи хобаш беҳуш ёфт. ӯ Фирӯзаро як сӯ гузошта, аз болои оташдон об гирифта, ба сару рӯйи Сайёра пошид. Ҳуши Сайёра ба сар зад.
-Чӣ гап шудааст? Диловар дар куҷост?,-гуфта пурсид Сайёра саросема.
-Ҳама тинҷ аст. Хез аз ҷоят, хез! Ба хонаи ман меравем. Хезед, даррав кунед,-гуфт Сафарбег.
Хонаи Сафарбег аз он тарафи роҳ, дар рӯ ба рӯи хонаи Диловар ҷойгир шуда буд. Тирезаҳои хонаи вай аз канори роҳ намудор буданд. Ҳар шаб то дервақт Сафарбег аз ин терезаҳои хонаи худ ба сӯйи роҳ калла мекашид. Равшание нимашаб дар роҳ пайдо мешуд, ӯ бетоқат шуда, то нападид шуданаш аз он чашм намеканд. Вай аз хурдӣ ҳамин одатро дошт. Аз рӯйи ин рафтораш занаш ба ӯ "Мири Шаб" ном ниҳода буд.
Имшаб, вақте ки садои дарвозаи хонаи Диловар баланд шуд, Сафарбег аз хоб бедор шуда, дарҳол ба сӯйи хонаи вай чашм ало кард. Боз мошинро канори роҳ, назди хонаи Диловар дида, бетоқатиаш бештар шуд. "Оҳ, чӣ гап бошад?",-гуфта диққаташро сӯйи хонаи Диловар тӯлонӣ банд кард. Баъд аз он ки садои гиряву мотам ва тири таппончаро шунид, "ҳодисаи нохӯш шуд",-гуфта саросема ҳамсарашро бедор кард. "Ба хонаи ҳамсоя касе зада даромад",-гуфт ва дар тараддуди дақиқтар фаҳмидани ҳодисаи ба сари ҳамсоя омада шуд. Баъд аз он ки ниқобпӯшҳо Диловарро дар мошин шинонида рафтанд, Сафарбег дар ҳол ба хонаи Диловар омаду Фирӯзаро дар чунин ҳоле, ки дар боло овардем пайдо кард…
…Сафарбег Сайёраву Фирӯзаро ба хонааш овард ва ҳолашонро ба занаш ҳавола кард. Худаш бошад, ба ҳуҷраи дигар даромада, назди тиреза боз чанд вақти дигар чашм ба роҳ баст.
Сафарбег чанде ба роҳ нигарист. Охиран ӯ монда шуда, хобаш гирифт. Сипас, хост ба ҷойгаҳаш дарояд. Дар ҳамин ҳолат садои мошин ба гӯшаш расид. Хобаш аз ин садо тамоман парид. Ба роҳ боз чашм духта, ҳамон мошинро дид, ки омада Диловарро бурда буд. Ду тан аз мошин фаромада ба хонаи Диловар даромаданд.
Сафарбег чун ин ҳол бидид ба худ гуфт: "Оҳ, падарнаълатҳо, ҳозир Сайёраву Фирӯзаро дар хонаашон наёфта, ба хонаи ман меоянд" ва милтиқи шикориашро аз сандуқ гирифта ду яккатир ба он ҷой кард ва баромадани ниқобпӯшҳоро аз хонаи Диловар интизор шуд. Лекин он бадахлоқон ҳангоми баргаштан ба тарафи хонаи Сафарбег ҳатто нигоҳ накарда, ба мошин нишаста ба роҳашон баргаштанд…
Субҳ наздик мешуд. Борон аллакай аз боридан монда буд. Шамоли серҳаракати шабона намевазид; дигар садои шикасти шиферпораҳо ва шохаҳои дарахтонро намебаровард. Ба ҷойи ин садоҳои хурӯсон ва аф-афи сагҳо боиси халалпазирии муҳити сокит мешуд.
Акнун овози ба намоз даъват кардани муаззин аз масҷид деҳаро пахш мекард. Аз ин даъвати муаззин дар кӯчаҳо тап-тапи пой ҳис карда шуд. Қисме аз мардуми деҳаи Ҳафтчашма ба сӯйи масҷид қадам мегузоштанд. Дар қатори онҳо Сафарбег ҳам таҳорат карда, ба масҷид рафт…
…Мардум намозро хонда ба итимом расонданд. Сипас, муллои масҷид Ҳикматулло рӯ ҷониби мардум гардонд ва ҳар як намозгузорро бодиққат аз чашм гузаронд. Авзое ҳеҷ касро нотоб надид, симои касе аз ҳеҷ кадом ҳодисаи нохуш гувоҳӣ намедод. Вале худи муллоро ким кадом ҳодисаи нохуше нороҳат мекард. Шояд ҳамон тири таппончаи шаб садодода бошад?
Дар ҳақиқат, мулло Ҳикматулло хеле шахси мушоҳидакор буд, ба хурдтарин ҳодисоту воқеот аҳамият медод. ӯ шаб садои тири таппончаро шунида, нороҳат шуда буд. Ҳамон вақт аз дил гузаронида буд, ки ба сари ягон ҳамсоя ҳодисаи нохуш омадааст. Аммо ҳоло ҳамаро тинҷу ором мебинад ва касе аз мусибате қисса намекунад. Мулло каме дар андеша шуд: "Охир наход шаб беҳуда дар кӯча садои тир баланд шавад? Ҳеҷ кас беҳуда тирпаронӣ намекунад. Аниқ ягон ҳодиса рух додааст, лекин чаро мардум хомӯшанд? Ё мардум аз ин садои тири таппонча бехабаранд? Охир, ин ҷо танҳо Диловар нест...»
Мулло бори дигар дар байни мардуми намозхон Диловарро ҷӯст, вале ӯро дарёфт накард. Ба худ хулоса баровард, ки ҳар ҳодисае рух дода бошад, дар ҳавлии Диловар рух додааст. Чунки Диловар ҳеҷ гоҳ бесабаб намозро қазо намекунад.
Дар асл ҳамин тавр буд. Диловар ҳеҷ гоҳ намозро, махсусан намози бомдодро қазо намекард. Дар вақти намози бомдод ӯ бо ҳамроҳии мулло пеш аз ҳама ба масҷид меомаданд ва то оғози намоз паҳлуи ҳам нишаста, ҳар ду суҳбат мекарданд.
Хулоса, мулло ба забон омад ва гуфт:
-Шумо шаб садои тири таппончаро аз ин кӯча шунидед?
Чанд тан аз ҳузурдоштагон бепарвоёна ҷавоб доданд.
-Ҳа шунидем. Ким кадом одами бекор беҳуда аз таппонча тир холӣ кард.
Дигарон хапу хомӯш монданд. Ҳатто Сафарбег ҳам чизе нагуфт. Мулло бори дигар ба мардум савол дод:
- Аз Диловар ягон нафаратон хабар доред? Ба ӯ чӣ мушкилӣ пеш омада бошад, ки имрӯз ба масҷид наомад? Охир ӯ ҳар рӯз пеш аз ҳама ба масҷид меомад ку.
Ҳама хомӯш монданд. Бо ишора аз ӯ хабаре надоштанро иброз доштанду аз суханони мулло дар ҳайрат афтоданд. Дар ҳамин ҳолат Сафарбег гуфт:
-Бобои мулло, ман аз аҳволи ӯ хабар дорам…
Сафарбег ҳодисаи шаб ба сари Диловар ва аҳли оилаи ӯ омадаро байни мардум ба муллоимом фаҳмонда дод. Мулло каме сарашро хам карда дар андеша шуд ва бо панҷаҳояш риши сиёҳашро, ки дар он ягон тори сафед дида намешуд, қабза карда монд ва ба худ гуфт: «Ин Диловар чӣ кори хато карда бошад? Шояд ӯ қиморбозӣ мекардаасту бой додаст? Ё бо шахсони бад ҳамнишин будааст? Э не, ӯ ин хел мард набуд. Ҳозира замона нотинҷ аст. Баъзе шахсон ҳар кор, ки хоҳанд, кардан мегиранд. На аз Худо метарсанду на аз қонун». Мулло рӯ тарафи қибла гардонда, даст ба дуо бардошт: «Худовандо, Диловарро дар паноҳи худ нигаҳ дор!».
Мулло марди поквиҷдону ростқавл буд. ӯ дар вақтҳои холигӣ бо мардум бобати ростгӯиву ростқавлӣ панду андарзҳо ба забон меовард. Махсусан, ҳангоми суҳбат бо Диловар аз нозукиҳои дини Ислом сухан меронд, аз поку беолоиш будан ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят кардани дини Ислом қисса мекард. ӯ дини мубини Исломро саросар одобу ахлоқ, покиву покизагӣ, фориғ аз амалҳои зишт ва ибодат ба Худованд медонист. Ғайр аз ин, мулло дар баробари илми Ислом илмҳои дунявиро низ хеле хуб аз бар карда буд ва ҷаҳонбинии васеъ дошт.
Муллоимом аз ҷой хесту ба мардум рӯ оварда гуфт:
-Ин кору борро бинед. Наход ҳамсояи барбадеворамонро аз хонааш ба зӯрӣ гирифта баранду мо дарак наёбем? Хайрият, ҳамин Сафарбег аз ҳоли Диловар хабар доштааст… Дар бораи рабудани Диловар, худи ҳозир ба милисаҳо хабар додан лозим.
Марде, ки чорзону зада, ба девор такя мекарду чашмони кабудашро аз мулло намеканд, ба забон омад:
-Эҳе, олӣ Диловарро вақт куштанд. Худатонро ин қадар гаранг накунед. ӯро зинда ёфтан дигар имкон надорад.
Мулло бо қираи чашм ба ӯ нигоҳ кард, аз нав дар ҷояш нишаст. Ду дасташро сари зонуҳои худ монду гуфт:
-Диловарро намекушанд. Агар куштанӣ мешуданд, худашонро азоб надода, вайро бо худашон намебурданд, дар хонааш мепарронданд. Лекин шумо бояд ҳар ҳодисаеро, ки мебинед ё мешунавед, ба дигарон хабар диҳед, дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳамсояҳо кӯмак кунед,- мулло ба Сафарбег рӯ оварда, боз суханашро давом дод,- ту, Сафарбег, агар имконият дошта бошӣ, зану фарзанди Диловарро то пайдо шудани Диловар дар хонаат нигаҳ дор. Онҳоро ба хонаашон рафтан намон. Чунки онҳоро хатар таҳдид мекунад. Мо ҳозир аз пайи ҷустуҷӯйи Диловар мешавем…
Мардум якҷоя бо роҳбарии Ҳикматулло ба милисахона рафтанд. Милисаҳоро аз ҳодисаи шаби гузашта огоҳ карданд. Сипас, бо милисаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба ҷустуҷӯи Диловар баромаданд…
Офтоб ҳам аз паси кӯҳи Чилдухтарон баромад. Гоҳо аз зери пардаи тунуки абрҳои дудмонанд ва гоҳе бе ягон парда шуълапошӣ мекард; замини дар асорати боду борони шабмондаро гӯё бо дили хеле ҳассосу меҳру муҳаббати ошиқона менигарист; баргҳои дарахтонро, ки дирӯз дар шохаҳо гӯё мерақсиданд, зери ҳам дар замин мурда медид. Акнун барояш маълум мешуд, ки шабона лашкари сиёҳи боду борон ба ин замини бемарзбон чӣ гуна ҳуҷум овардааст.
Боди даҳшатангези шабона, ки гӯё аз баромадани Офтоб худро ба боди сабуксайр табдил дода буд, дар роҳу кӯчаҳои деҳаи Ҳафтчашма хеле хунук сайругашт мекард. Махсусан, дар ин субҳи барвақтӣ.
Дар ҳамин субҳ аллакай атрофи хонаи Диловарро мардуми зиёд иҳота кард буданд. Зану мард дар ҳавлӣ ва канори роҳ-назди дарвозаи хонаи Диловар ҷамъ шудаву рост меистоданд. Аниқтараш дар ин саҳар дар деҳа овозаҳои гуногун паҳн шуда буд: баъзеҳо хабари рабудани Диловар, базеи дигар хабари рабудани аҳли оилаи ӯ ва иддае хабари марги аъзоёни оилаи Диловарро шунида буданд. Барои ҳамин омадани одамон ҳам ба ин сӯ анҷом намеёфт, мардуми бисёри ҳарҷойӣ ҳам пайи ҳам ба ин тараф қадам мемонданд. Гӯё бод ин хабарро ба деҳаҳои дигар бурда бошад, ки аз ҳамсоядеҳаҳо ҳам одамон дар назди хонаи Диловар ҷамъ шудан мегирифтанд...
…Рӯз ба поён мерасиду мардум пароканда намешуд. Хабари милисаҳоро интизор шуда меистоданд. Ғайр аз милисаҳо боз як гурӯҳи ҷавонони деҳа низ ба ҷустуҷӯ баромада буданд.
ИДОМА ДОРАД...