Sebiston new 2024 october
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 6)
2006

ИДОМААШ...

Фирӯзаро дар оғӯши падар хоб бурд, ба қавле рагаш намеҷунбид. Падараш кӯрпаро нағзтар болои ӯ пӯшонд ва тани духтарчаашро ба тани худ ҷафстар кард, ки мабодо дар ин шаби боронӣ вай хунук хӯрда монад.

Модараш бошад, аз пушташ худро ба Фирӯза наздиктар кард. ӯро бо меҳру шавқати беандозаи модарӣ оғӯш гирифт.

Посе аз шаб гузашт. Сайёра хост Фирӯзаро ба ҷойгаҳи худаш гузаронад, лекин Диловар инро иҷозат надод. ӯ гуфт, ки боду ҳаво хунук, борону боди даҳшатангез, шояд Фирӯзаҷон тарсад, аз садои шамолу шикасти шохаву шиферпораҳо дар воҳима афтад. Беҳтараш ин, ки Фирӯза байнашон монад.

Соате пушти сар гардид. Садои дарвоза баланд шуд. Ин садо аз омадани касе хабар медод. Вале шамоли то ҳол нахобида андешаи соҳибхонаро оид ба омадани шахсе дигаргун кард. Диловар, ки дар ин садо аз хоб як қад парида бедор шуд, андешид, ки шамол дарвозаро кушода монд.

Сайёраро то ҳол хоб набурда буд, дар торикӣ бедор шудани шавҳарашро пай бурда гуфт:

-Мардак, ба фикрам, касе ба хонаи мо меояд.

-Э не, дар ин нисфи шаб кӣ ба хонаи мо меояд?

-Намедонам, мардак, аз аввали шаб дилам аз ким-кадом ҳодисаи нохуше гувоҳӣ медиҳад. Худо нигаҳ дорад.

Диловару Сайёра дар ҳамин гуфтугӯ буданд, ки садои пой ва овози мардонаи паст аз таги долон ба гӯшашон расид.

-Дар ҳақиқат, касе ба хонаи мо меояд,-гуфта аз ҷой хест Диловар.

Сайёра ҳам аз ҷой бархост. ӯ дарҳол чароғро фурӯзон кард. Ҳар ду дарҳол либосҳояшонро ба бар карданӣ шуданд, ки дари ҳуҷра кушода шуд. Ду марди азимҷуссаи либосҳои ҳарбидошта дар назди дар, дар рӯ ба рӯйи рӯшноии хираи чароғ намудор гаштанд. Дар дастонашон таппонча ва чароғҳои дастӣ (фонарик) буд. Онҳо чароғҳояшонро дар рӯйи Диловару Сайёра нигоҳ доштанд. Чашмони зану мард аз ин равшании чарогғҳо дигар чизеро намедид; равшании чароғҳо чашмони онҳоро кӯр мекард.

-Шумо кистед?,-пурсид Диловар.

-Ба кӣ будани мо чӣ кор дорӣ? Хез аз ҷоят, бо мо меравӣ, баъдан мефаҳмӣ.

-Бароед аз хонаи ман, ман бо шумо ҳеҷ куҷо намеравам!

-Агар ба хубӣ худат таслим нашавию бо мо наравӣ, туро маҷбур мебарем.

Диловар аз ин сухани онҳо ба хашм омад. Боз беиҷозат ба хонаи ӯ даромадни ин мардҳои бетаълиму бетарбия оташи ғазабашро фурӯзонтар мекард. Охир, кадом инсони солимақл дар нисфи шаб ба хонаи касе бе фарёду огоҳӣ медарояд?

Акнун Диловар дигар қаҳру ғазабашро фурӯ бурда натавонист. ӯ ин дафъа дағалона ба онҳо лаб кушод:

-Дафъ шавед аз хонаи ман, дафъ шавед, мегӯям!

Ин сухан аз даҳони Диловар баромада буд, ки яке аз ин мардони силоҳдор, ки дар рӯйҳояшон ниқоб доштанд, бо дастаки таппонча бар пушти сари Диловар зад. Диловар аз ҳуш рафт. Сайёра бо дидани ин ҳолат худашро гум кард. Баъди чанд лаҳза бо овози имдодталабонаю тарсолуда «Диловар!» гуфта дод зад. Марди силоҳдори ниқобпӯши дигар « Хомӯш!» гӯён бо як даст даҳони Сайёраро дошта, бо дасти дигар ва пойҳояш чанд мушту лагад ба сару рӯй ва тахтапушти ӯ зад. Аз ин зарбаҳои пайдарпайи ниқобпӯш Сайёра беҳолу бемадор гашта, чун мурда беҳушу гӯш болои ҷойгаҳ афтид.

Аз садои имдодталабонаи модар Фирӯза аз хоб бо тарс бедор шуд ва ин ҳолатро бо чашми сараш дида, аз ҳайрат чанд муддат шах шуда монд. Фирӯзаи панҷсола аз тарс ҳатто дар куҷо будани худро фаромӯш карда буд. Баъди лаҳзае ҳушёр шуд. Фаҳмид, ки ин мардон падару модари ӯро лату кӯб карда истодаанд. Вай намедонист чӣ кор кунад, ба падару модараш чӣ гуна кӯмак расонад. Охир, ӯ қуввату қудрати ба ниқобпӯшҳо дарафтоданро надорад, ҳатто ба як шаппотии онҳо тоб оварда наметавонад. Ба ҳар ҳол, «Аз мӯрча мадад»,- гуфтаанд. Фирӯза бо мақсади наҷоти падар худро болои ӯ партофт. Падари беҳушашро маҳкам бо дастони беқувваташ аз пушт дошт ва бо овози баланд «атаҷон!» гуфта гиря кард. Аммо марди ниқобпӯши модарашро лату кӯбкарда ба Фирӯза як шаппотӣ зад. Аз ин зарбаи ӯ аз чашмони Фирӯза гӯё оташ рехт. Чунон лат хӯрд, ки ин гуна сӯзу дардро то ҳанӯз ёд надошт. Сипас, силоҳдори ниқобпӯш аз дасти Фирӯза гирифта, ӯро ба қафо тела дод ва баъд таппончаашро бароварда хост ба пешонаи вай тир холӣ намояд. Аммо ниқобпӯши дигар инро ба вай иҷозат надод. Гуфт, ки тирпаронӣ накунад, диққати мардумро ҷалб насозад.

Ниқобпӯшҳои силоҳдори азимҷусса Сайёраву Фирӯзаро ба ҳолашон гузоштанд ва Диловарро кашолакунон ба ҳавлӣ бароварданд. Диловар ба ҳуш намеомад. ӯ мисли мурда буд.

Фирӯза боз аз ҷой бархест. Аз паси падарҷонаш равона шуда, «Атаҷон!» гуфта, давида ба ҳавлӣ баромад. Дар ҳавлӣ сару садо баланд кард. ӯ дар аввал ягона роҳи наҷот додани падарашро дар ҳамин сару садоҳояш медонист. Вале баъдтар дарк намуд, ки ин сару садоҳо ба он авбошҳо таъсир намекунад. Беҳтараш ба он разилон дарафтодану одобашонро нишон додан лозим. Аммо Фирӯза аз уҳдаи бо онҳо ҷангидан намебарояд. Охир, қуввату қудрати ӯ чӣ қадар аст, ки ҳар дуи онҳоро зери мушту лагади худ қарор диҳаду аз ин рафторашон пушаймонашон кунад?

Фирӯзе хеле ба ғазаб омада буд. Аз қаҳр дандонҳояш бо ҳам часпидаву ғиҷиррос мезаданд.

Вай таги куртаи остинкӯтоҳи кабудранг ва пойи луч даруни лою чали ҳавлӣ гиря мекарду аз қафои падарҷонаш саросема медавид. Ҳама ҳушу хаёлаш бар падараш банд буд. ӯ ин сардиву боронӣ ва замини хунуки лойшударо ҳис намекард. Ҳатто аз торикӣ ва садои шамолу даҳшати оншаба намеҳаросид.   Барои он Фирӯза ин ҳама даҳшату зулмотҳои оншабаро эҳсос намекард, ки аз ҳама муҳим наҷоти падараш буд ва ӯ дар ин лаҳза омода аст барои раҳоии падар аз дасти он авбошҳо ҷони худро нисор кунад. Лекин Фирӯзаи хурдсолро аз дасташ чизе намеомад. Фақат каме авзояш беҷо ва садои нолаву фиғонаш баландтар мешуду халос. Нафасгирияш танг гашта,   тап-тап кӯфтани дилаш баландтар садо медод ва овозаш то рафт аз гулӯяш аламноктару баландтар мебаромад; аз чашмонаш ашк чун чашма фавора мезаду дар рухсораҳояш рӯ ба поён медавид.

Доду вой, кӯшишу талоши Фирӯза барои наҷоти падар дар ҳавлӣ ниқобпӯшҳоро ба изтироб овард. Онҳо ҳеҷ илоҷи хомӯш мондани Фирӯзаро надонистанд ва каме аз ин садоҳои Фирӯза дар ғазаб ҳам омаданд. Аз ин рӯ, яке аз ниқобпӯшҳо бо мақсади тарсондани Фирӯза аз таппонча тире ба ҳаво холӣ кард. Ана аз ин Фирӯза дар ҷояш шах шуда монд ва овозаш дар гулӯяш баста шуд.

Фирӯзаи хурдсол як лаҳза ҳамаро фаромӯш кард, чизе ва касе ба ёдаш намерасид. Чунки садои тири таппонча гӯё сабаби ранҷидани ақли Фирӯза аз майнааш шуд. Чунин менамуд, ки гӯё ақлаш аз Фирӯза ранҷида дигар ба ӯ роҳбаладӣ намекунад. Пойҳояш низ аз фармонаш саркашӣ мекарданд. Ҳамин тавр, ӯ мисли ҷисми беҷон хапу хомӯш дар ҳавлӣ рост меистод. Вале Фирӯза аз ҷисмҳои беҷон бо як хусусияти хосаш фарқ мекард. Яъне, Фирӯзаро дар ин ҳолат танҳо чашмонаш ҳамороҳӣ мекарданд. Ин чашмони вафодри ӯ ба падараш духта шуда буд, ки аз вай ҳеҷ канда намешуданд. Ё шояд, бузургии меҳри падар чашмони ӯро ба нигаристан ба падар маҷбур мекард.


ИДОМА ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД