arzon replenishment
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 12)
2231


ИДОМААШ...

Фирӯза ва Таманно дар ҳуҷраи дигар буданд. Фирӯза то қарибиҳои рӯз нахобид. Дар бораи модар меандешид. Падарашро ҳам ба ёд меовард. Гоҳ бо овози паст гиря мекарду гоҳе хомӯш мемонд.

Субҳ наздик шуд. Модар дари ҳуҷраро кушод. Фирӯза дар тарақотуруқи вай аз хоб бедор шуд. Дарҳол назди модар омад:
-Очаҷон, ту ба куҷо меравӣ? Имрӯз ҳамроҳи ман ба донишгоҳ намеравӣ?

Модар бо сари хам ҷавоб дод:

-Не, духтарам. Ту худат танҳо рав. Ман бояд илоҷ карда, аз ягон кас кабудӣ қарз биёраму баъди савдо кардан пулашро баргардонам. Ин сабзавотҳо ба фурӯш нарафтанд, зарари калон дидам.

Фирӯзаро аз ҳарвақта ба модар зиёдтар раҳмаш омад. Чи тавр дилбардорӣ кардани модарашро надонист. Дигар ёрои ба модар ҳарф гуфтанро ҳам накард.
Сайёра наҳорӣ накарда ба бозор рафт. ӯро Фирӯза гусел намуд…

Пардаи сиёҳи шабона аз шаҳр барканор шуд. Нисфи Офтоб аз паси кӯҳҳо баромада, равшаниву гармӣ медод. Мардум аз пайи кору бори худ мешуд...

…Фирӯза дар ин субҳи барвақтӣ дар даст дафтар ва қалам сӯи донишгоҳ мерафт. Дар сар ҳамон рӯймоли сурхранги симсимакдори лағжонак ва дар тан куртаи рангаш осмонӣ дошт. ӯ қадам мемонду   баданашро ҳисси навмедӣ фаро мегирифт. Чунки ба сазовори номи донишҷӯ шуданаш боварӣ надошт. Вай аз худ мепурсид: «Дар имтиҳон бо кадом саволҳо рӯ ба рӯ мешуда бошам? Оё он саволҳоро медонам ё не? Агар саволи мушкиле пеш ояд, ин қадар орзуву ҳавасам бар абас меравад. Ба донишгоҳ дохил намешавам. Мисли модарам ҳаётамро дар бозор мегузаронам. Модарамро аз ин рӯзҳои сахт наҷот дода наметавонам».

ӯ ба саҳни донишгоҳ расид. Ҳама довталабонро бо бародару хоҳар ва ё падару модар медид. Худашро бошад, танҳо. ӯро касе ҳамроҳӣ ва дилбардорӣ наменамуд.

Фирӯза дар саҳни донишгоҳ қадам мемонду ҳиссёти аҷибе фарояш гирифта буд. Нафасаш гӯё намебаромад. Дарунаш «ҳаво» мегирифт, қафаси синнааш вазнин мешуду меҷамид. Дар андак андеша ва ё ба ёд овардани падараш оби дидааш аз чашмонаш мешорид. Аз дарду алам кунҷеро ихтиёр кардаву гиристан мехост.

Боз Фирӯзаро қалбаш аз хушҳолие гувоҳӣ медод, ки худ аз худ ашки андӯҳу дардаш ба ашки шодӣ табдил меёфту ба қавле, дилаш суст ва беҳузур мешуд. Оби даҳонаш лаъл мебаст. ӯ ин ҳолатро бори нахуст дар худ эҳсос менамуд ва ба худ мегуфт: «Эй атаҷон, ту дар куҷоӣ, ки маро имрӯз сахт дар оғӯш бигириву ҳамроҳам дар саҳни донишгоҳ қадам бимонӣ? Ба ман гӯйӣ, ки ғам махӯр, духтарам, ҳатман ба донишгоҳ дохил мешавӣ. Атаҷон, дар ин ҳолатҳо ба ту хеле эҳтиёҷ дорам ва медонам, ки агар шумо дар паҳлуям мешудед, ман худро ин қадар ноҳинҷору нотавон ҳис намекардам, худро мисли гули пажмурда намешумурдам… Кош ин аҳволи маро шумо медидеду ин суханҳои маро мешунидед…».

Дар гӯшае аз саҳни донишгоҳ, дар сояи дарахти арча муаллиме дар курсӣ нишаста буду ҳафтаномаеро дар даст дошта мутолиа мекард. Ин муаллим дар тан куртаи сафед ва шиму пойафзолҳои сиёҳ дошт. Галстуки сурхранги вай рӯйи шиками фарбеҳаш овезон.
ӯ аз субҳ, баъди хондани сархате мӯйлабҳои ғафси сиёҳашро бо ангуштонаш мемолиду аз болои айнаки худ ба довталабон нигоҳ макард. Ҳар довталабро якояк аз назар мегузаронд, ҳеҷ довталабе аз назари ӯ дурмонда ба донишгоҳ дохил шуда наметавонист. Вай хеле парешонхотир менамуд.

Муаллим ин дафъа сархатеро хонду дарҳол даст бар ҷайб бурда, рӯймолчаашро баровард ва чашмони намнокшудаашро пок карда монд. Аз ин аҳволи муаллим кас гумон мекунад, ки мазмуни мақолае ашки ӯро овардааст. Ё шояд, ба қавле дарду табаш дигар бошад.

Баъди пок кардани оби чашмҳояш муаллим аз болои айнаки худ ба довталабон чашм давонд ва вазнин-вазнин нафас гирифт. ӯ ин дафъа миёни довталабон Фирӯзаро ёфт. Ба сару либоси хоси тоҷикии ӯ чашм давонд, ба ҳар ҳаракаташ аҳамият дод. Тарзи роҳгардӣ, дастҷунбонӣ, сари хам ва чеҳраи аламдори Фирӯзаро аз назар гузаронд. Ин духтар диққати ӯро тамоман ба худ ҷалб кард. Чунки вай аз дигарон ба куллӣ фарқ дошт. Махсусан, ӯ мисли дигарон сару либоси замонавӣ ба тан надошт. Либосҳои вай духтарони солҳои пешини тоҷикро ба ёд меовард. Сару либоси оддӣ дошт. Дигар духтарон ин тавр либос надоштанд. Мегуфтанд, ки ин гуна либосҳо кайҳо аз мӯд баромадааст, пӯшидани онҳо айб аст. Илова бар ин, чунин либосҳо гӯё аз камбағалдухтар будани Фирӯза гувоҳӣ медод, ки ин ҳам ба муаллим бараъло маълум шуд.

Сонияҳо паси ҳам сипарӣ шуданду ёди сару либоси Фирӯза ва камбағалдухтар будани вай аз хотири муаллим дур мешуд. Муаллим дигар дар бораи камбағалдухтар будани вай намеандешид, аммо ҳама ақлу ҳуши ӯро муҳаббате ба Фирӯза ҷалб менамуд. ӯ аллакай худро аз даст дода буд. Ҷисмаш дар курсӣ буду ақлу ҳушаш дар Фирӯза.

Чашмони сиёҳи муаллим аз дидани Фирӯза зери пардаи ашк мемонд, миҷаҳои сиёҳи дароз-дарозаш намнок мешуд. Гӯё ӯ бо ин нигоҳҳояш аз дарди дил, ҳолу аҳволи Фирӯза огаҳӣ пайдо мекард. Лекин дар асл муаллим барои чӣ, барои кӣ, барои кадом мусибат, барои кадом хурсандӣ ашк мечаконд, маълум набуд. Инро ҳатто худаш намефаҳмид. Ё шояд худи муаллим мисли Фирӯза рӯзгори пурмоҷароеро аз сар мегузаронаду дар талоши ким-кадом орзуву ҳавас ва ё аз даст додани чизи қиматтаринаш дар ин дунё афсӯс мехӯрад.

Фирӯза ба муаллим наздик шуд. Дар ин лаҳза муаллим нафасгир гашта, аз ҷой хест. Қоматашро рост карда, чуқур-чуқур нафас кашид. Дар назар роҳи нафасаш танг ва авзояш беҷо мегашт. ӯ аз бад шудани вазъи саломатиаш огоҳ шуд. Ба тапиши дилаш гӯш дода, гӯё садои ҳар як зарбаи қалбашро мешуниду дар вай ларзишро ҳис мекард. Боз, ба қавле, дилаш аз ким-кадом мусибат ва ё хурсандие гувоҳӣ медод.

Муаллим дигарбора ба курсӣ нишаст. Ҳар қадар ба Фирӯза нигоҳ мекард, ҳамон қадар ташнаи дидораш мешуд ва ҳеҷ аз вай чашмканданашро намехост. Ҳатто мижа задан ҳам ба муаллим халал мерасонд. Намехост, ки мижа таҳ карданаш пеши чашмонашро гирад. Ин лаҳза хаёлу ақли ӯ фақат банди ба Фирӯза нигаристан буду халос.

Андаке гузашту муаллим ба худ омад. Аз Фирӯза чашм канда, сарашро сӯи Замин хам намуд ва сари зонуҳои худ намиро эҳсос кард. Сипас, бо рӯймолчааш ашки чашми ба ду бари рӯй шоридаашро пок карда монд ва ба худ гуфт: «Эй Худо, ин чӣ гап шуд. Чаро ин духтар тамоми вуҷудамро ба сӯи худ мекашад? ӯро бори аввал мебинаму мехоҳам падарвор ба оғӯшаш гирам. Мехоҳам бо вай ҳамсуҳбат шаваму ба ӯ дарди диламро гӯям. Гӯё ман бо ӯ вохӯрам, ҳама дарду аламам ба итмом мерасида бошад».

Муаллим дар ҳамин андешаҳо буд, ки Фирӯза назди вай, дар масофи даҳ метр дуртар якбора дар ҷояш нишаст. Даст бар дил бурд ва аҳволашро хеле бад ҳис кард ва аз дил гузаронд: «Ё Худоё, қувватам бидеҳ, то аз ҷой бархезам». Фирӯза аз ин аҳволаш сахт тарсид. Фикр мекард, ки ҳамин лаҳза ва ё лаҳзаи дигар аз ҳуш меравад. ӯ акнун ба кӯмаки кас эҳтиёҷ пайдо намуд, интизори он шуд, ки касе дасташро гирифта, ба вай кӯмак расонад. Ақаллан ба дохили бино барад ва ё ба ӯ як қулт об диҳад. Аммо касе ба вай аҳамият намедод. Дасташро намегирифт…Муаллим ҳам ёрои ба кӯмакаш расиданро надошт.
Фирӯза бо як аҳволи бад аз ҷой хест. Ба пеш қадам гузошт. Дохили бино даромад, вале як лаҳза ҳам аз чашми муаллим канор намемонд. Муаллим ӯро то нопадид шуданаш назора мекард...

Фирӯза аз чашми муаллим нопадид шуду муаллимро дар фикру хаёлҳо гузошт. Вақте Фирӯза аз чашми муаллим дур шуд, муаллим бо ангуштонаш ким чӣ ишора мекард, гӯё ӯ солҳои гузаштаро мешумурд. Ҳамин тавр, андаке гузашту муаллим тоқати дар ҷояш нишастан накард. Аз қафои Фирӯза рафт ва ба бино дохил шуд. Дар дохили бино, ки толореро мемонд, муаллим Фирӯзаро назди овезаи девор дид. Паҳлуяш духтараки дигаре ҳам меистод.

Муаллим ором намешуд. Кӣ будан, аз куҷо будани Фирӯза ӯро водор мекард, ки бо вай ҳамсуҳбат шавад. Аз ҳамин сабаб ба назди Фирӯза рафту дақиқае паси пушти вай рост истод. Ин вақт ҳиссиёти Фирӯза боло рафт, мисли кабки дар қафасбуда бетоқат шуд, роҳи нафасаш танг гашт ва ба гумонаш бӯйи падарашро эҳсос кард. ӯ дар дили худ гуфт: «Худоё, бӯйи падарамро эҳсос мекунам. Бӯйи падарам! Ин бӯй танҳо ба падарам хос аст!»,-лекин як маротиба ба пасаш нигоҳ накард.

Муаллим ҷуръати бо Фирӯза ҳамсуҳбат шуданро накард. Ба симои Фирӯза нигоҳ карда натавониста гузашт. Чанд қадам аз Фирӯза дур шуда буд, ки овози Фирӯза ба гӯшаш расид. Муаллим дар ҷой истод. Ба тарафи муқобил нигоҳ накарда ба худ гуфт: «Шеваи ховалингӣ. Ин духтарак аз Ховалинг аст. Бо шеваи мардуми онҷо гап мезанад». Муаллим ин биандешиду оби чашмашро дошта натавонист. Ашкаш бари рӯяш мешорид, чашмонаш сурх мешуд. Рӯймолча ҳам дигар ашкашро намехушконид. Вай каме дар фикр фурӯ рафт: «Наход ин духтар духтари ман бошад? Боз аз Ховалинг аст. Охир, агар ин духтарак Фирӯза набошад, вай чӣ тавр метавонад ҳама ақлу ҳуши маро аз думболи худ барад. Агар ин духтар Фирӯзаҷон набошад, чаро то имрӯз боре ба ин ҳолат гирифтор нашудаму бо дидани вай меҳру муҳаббати беандоза дар вуҷудам ба шӯр омад. Не! Ин Фирӯза нест! Наход ман духтари худамро нашиносам. Ман Фирӯзаро аз сад метр дуртар бинам, мешиносам…»

Муаллим беҷуръатона, бо чашмони аз гиряи хомӯшона сурхшудааш ба қафо, ба Фирӯза нигоҳ кард, ки чашмаш   бар чашми Фирӯза бархӯрд. Ба чашмони Фирӯза нигоҳ карду чун ҳайратзада худро гум карда монд. Гӯё чашмони ин духтар узвҳои дарунияшро сӯрох мекарданд. Мӯйҳои баданаш рост шуданд. Ларза дар андомаш афтод. Аммо кӣ будани Фирӯза барояш ҳоло ҳам номаълум буд. Фақат чеҳраи Фирӯза дар назараш, ба қавле, гарм ва   хурдсолии духтарашро назди чашмаш падидор менамуд.

Фирӯзаро ҳам ин нигоҳи муаллим қариб, ки аз ақл бегона кард. Вай бо дидани симои муаллим аз беқувват шудани дасту пояш огаҳӣ ёфт. Дилаш суст шуда монд. Ҳарчанд ӯро авзояш аз нигоҳи муаллим бад шуд, лекин аз он чашм кандан намехост, балки мижа таҳ кардан барояш халал мерасонд. Чунки Фирӯза дар рӯ ба рӯяш падарашро медид. Вале боз ба ин бовар намекард. Охир, чанд сол пеш падараш гузашта буд- ку. Аз ин рӯ, Фирӯза дудила шуд. Ба дили худ гуфт: «Ин -падарам. Ё Худо, ман хоб дида истодам ё арвоҳи падарамро мебинам?».

Окибат, Фирӯза худро ба даст дошта натавонист. Гиря роҳи гулӯяшро баст. «Падарам ҳам набошад, майлаш, ҳеҷ не ақаллан дилам тар шавад!»,- гуфта, бо садои баланди ғиҷовагирифта «атаҷон» гуфта, ба сӯйи муаллим давид. Худро ба оғӯши ӯ партофт. Муаллимро «атаҷон» гуфта бӯсиду дастонашро давр то даври гардани муаллим ҳалқа кард ва дар оғӯши муаллим аз ҳуш рафт.

Дар ҳақиқат, ин муаллим Диловар, падари Фирӯза буд, ки меҳри фарзанд ӯро нотоб карда мемонд. ӯ духтари худашро то ба оғӯш гирифтанаш нашинохта монд. Аммо Фирӯза ба як дидани рӯйи падар ӯро шинохту бовар намекард. Бовар намекард, ки ин мард падараш аст. Ин қадар сол гузашта бошад ҳам, лекин симои падарашро фаромӯш накарда буд. Ҳатто хурдтарин доғи рӯйи падар ба ёдаш буд. Аммо «ҷанозаи падар» боз дар дилаш шубҳа меандохт. Боварии ӯро оид ба   падараш будани ин муаллим коста мегардонд.

Диловар акнун боварӣ ҳосил кард, ки ин духтарак Фирӯза аст, ки аз дуриҳо ҳама гӯшу ҳушашро ба сӯйи худ ҷалб мекард…

Мардум атрофи падару духтарро гирдогирд иҳота карданд. Дар зарфе об оварда ба Диловар доданд. Диловар об ба рӯйи Фирӯза пошид. Фирӯза ба ҳуш омаду худро дар бағали падар дид. ӯ даст ба рӯйи падар бурда, аз назди гардани падар чуқур-чуқур нафас гирифт ва аз бӯйи он мутмаин шуд, ки ин муаллим, дар ҳақиқат, падараш ҳаст. Чунки ӯ то ҳол бӯйи падарашро фаромӯш ва онро аз тани каси дигар эҳсос накарда буд. Фирӯза дар ҳамин ҳолат гуфт:
-Атаҷон, ман намедонам шуморо дар хоб дида истодаам ё дар бедорӣ?,- ва сару рӯйи худ қафаси синаи падар гузошт.

-Фирӯзаҷони ман, ту маро дар бедорият мебинӣ, дар бедорият! Ин хоб нест, ин ҳақиқат аст, духтарам, -гуфта мегирист Диловар...

Диловар духтарашро дар бағал гирифта аз ҷой хест. Аз сару рӯяш бӯса ва аз ин хушбахтӣ дарду аламашро сабук мекард. Фирӯза ҳам аз оғӯши падар худро раҳо намекард. Вазнин-вазнин нафас гирифта, гӯё ғаму дардашро аз дил мебаровард. Ҳамин тавр, баъди чанд дақиқаи суҳбату меҳрубониҳо Диловар Фирӯзаро то дари синфхона бардошта бурд ва то интиҳои имтиҳон пушти дар истод.

Вақте Фирӯза имтиҳонро ба охир расонд, давон-давон аз синфхона баромада боз падаршро оғӯш гирифт. Сипас ҳар ду ба истгоҳи мошинҳо омаданд. Диловар дари мошинашро кушода, дар мошин нишастанд.
-Атаҷон!,- бо табассум гуфт Фирӯза

-Ҷони ата.
-Ба куҷо меравем?
-Ба назди модарат, духтарам. Туро, ки ёфтам, албатта, модаратро ҳам меёбам. Наход ту маро ба назди модарат набарӣ-а?

-Мебарам, атаҷон, мебарам! Модарам шуморо хеле ёд кардааст. Агар шуморо бинад, ҳеҷ бовар намекунад,- тааҷҷубангез калла ҷумбонд Фирӯза.

Диловар каме ханда карда, чашмонашро бо кафи дастонаш молида монд. Чизе гуфта натавонист. Фирӯза боз ба сухан даромад.

-Атаҷон!
-Ҷони ата.

-Ту чаро моро партофта рафтӣ? Моро фиреб доданд, ки шумо гузаштаед. Мо то имрӯз фикр кардем, ки дигар шуморо дар зиндагӣ намебинем. Модарам аз ғами шумо обу адо шуда рафт. Чи рӯзҳои сангинро аз сар нагузаронд.

-Фирӯзаҷон! Дигар чӣ кор мекардам? Ман шуморо напартофтам, маҷбур шудам чанд вақт худамро нишон надиҳам. Охир, он ваҳшиҳо...
Фирӯза сухани падарро бурида пурсид:

-Кадом ваҳшиҳо? Ҳамон ниқобпӯшҳои лаънатӣ.
-Ҳа, духтарам. Онҳо одамони бад буданд. Мехостанд маро ҳам дар корҳои ифлоси худашон ҳамроҳ кунанд. Хайрият, ки як ҳамкурсам бо онҳо ҳамроҳ будаасту ба ман раҳм кард. Маро аз чанги онҳо гурезонда ба Россия равон кард. Гуфт, ки то ду-се сол ба Тоҷикистон барнагардам. Агар баргардам, онҳо маро ёфта мекушанд. Ана барои ҳамин ман ба Россия рафтаму ба шумо хабар надодам.

-Атаҷон, чаро ба мо хабар надодед? Мо то имрӯз ғами шуморо хӯрдем. Агар хабар медодед, мо ин қадар азоб намекашидем. Ба модарам ин қадар мушкилиҳо пеш намеомад, модарам ба шавҳар намебаромад.

-Агар ба шумо хабар медодам, онҳо зинда будани маро фаҳмида ба шумо зарар мерасониданд. Барои ҳамин ба шумо неву ба мулло Ҳикматулло хабар додам. Таъкид кардам, ки шуморо нигоҳубин кунаду аз зинда будани ман ба касе хабар надиҳад. Рӯзаш, ки расад, ман худам бармегардам, гуфтам. Барои рӯзгузаронии шумо ба суроғаи вай маблағ мефиристодам, ки ба шумо маҳсулотҳои ғизоӣ харад, аз бозор барои ту сару либос гирад.

Фирӯза каме фикр кард. Вай акнун дарк кард, ки мулло аз кадом ҳисоб ба онҳо кӯмак мекардааст. Аз ҳисоби худаш ба онҳо хайр мекард ҳам, лекин, дар асл, нисфи зиёди хӯрока ҳаққи ҳалоли худашон будаасту модараш ин қадар худашро азоб дода мегашт. Охир, мулло ҳам ҳар вақте ба онҳо чизе меовард, мегуфт, ки ин ҳаққи ҳалоли худатон аст, аз ман миннатдор нашавед.
-Ҳоло ҳам ниқобпӯшҳо шуморо таъқиб мекунанд?

-Не, қисме аз онҳоро кайҳо нест кардаву қисми дигараштонро ба маҳкама кашиданд.
-Ин тавр ки бошад, чаро назди мо наомадед?
-Охир, хабар ёфтам, ки модарат ба мавҷҳои пурталотуми зиндагӣ тоб наоварда, ба шавҳар баромадааст. Боз хабар ёфтам, ки он шавҳараш мурдаасту модарат аз тангдастӣ, ба хотири як луқма нон боз шавҳари дигар кардааст ва ба шаҳр омадаед. Ана, аз ҳамон солҳо ман шуморо меҷӯям, духтарам. Дилам бо ёди туву модарат хун мешуд, ҷигарам об мегашт. Охир, модари ту ба ғайр аз ман дигар касе надошт, ки ба ӯ кӯмак кунад. Бобоят аз ӯ кайҳо рӯ гардонда буд. ӯро духтар намегуфт, ба хонааш роҳ намедод. Боз меандешидам, ки шавҳари модарат ягон бадхислат набошаду туву модаратро азоб диҳад.

-Ҳа, ата, мо азоб кашидем. Очаам на шаб хоб мекунаду на рӯз, барои шиками мо шабу рӯз медавад. Дар бораи шавҳараш бошад, ӯ он қадар инсони хуб набуд. Лекин модари бечораам дигар роҳ надошт, маҷбур буд бо вай зиндагӣ кунад. Охир, очаам ба куҷо мерафт, моро ба куҷо мебурд? Анвар одами бад ҳам бошад, ҳеҷ не ба мо ҷойи хоб медод. Мо дар хонаи вай шабамонро рӯз мекардем. Ҳоло бошад, ҳамаи вазниниҳои зиндагӣ ба дӯши модарам афтодааст. Вақте Анвар мурд, модарам маҷбур шуд, барои рӯзгузаронӣ бозорро ихтиёр кунад. ӯ дар бозор аз ҳамон вақт то ҳол ба сабзавотфурӯшӣ машғул аст, лекин модари бечораам намедонад моро чӣ тавр хӯронаду пӯшонад. Чунки маблағи ёфтааш ҳатто ба иҷорапулии хона намерасад…

-Дигар бас аст, духтарам. Шумо азоб кашидед, инро медонам. Лекин аз вақте ки ба шаҳр омадед, мурда ё зинда буданатонро намедонистам. Ҳамин ҷо ба ғаму дардатон хотима гузоред. Намехоҳам дигар ғаме дар дилатон бошад,-гуфт Диловар ва муҳаррикро ба кор дароварда, суханашро идома дод,- Акнун гап зан, ба кадом тараф ҳаракат кунам, Фирӯзаҷон духтарам?

-Атаҷон!
-Ҷони ата.

-Ҳоло истем.
-Барои чӣ истем, духтарам,- гуфта аз пешонаи Фирӯза бӯсид Диловар.
-Охир, ҳоло маълум нашудааст, ки ман ба донишгоҳ дохил шудаам ё не? Натиҷаи имтиҳонро фаҳмида гирем баъд равем намешавад?
-Духтарам, ту донишҷӯӣ. Дигар ин фикрро накун. Аз моҳи сентябр ба дарс меоӣ.
Фирӯза боз даст бар гардани падар бурда ӯро бӯсиду гуфт:
-Набошад, ба ин тараф мошинро ронед,-бо даст ишора карда роҳро нишон дод, дар ҳоле ки аз хурсандӣ беқарор шуда, гӯё қалбаш дар синнааш тангӣ мекард.
-Майлаш, майлаш духтарам!
Диловар аз рӯйи гуфтаи Фирӯза ба сӯи бозорчаи Чаманоро мошинро меронд.

-Падарҷон, шумо чӣ мақсад доред, оё бо мо боз якҷоя зиндагӣ мекунед?,-пурсид Фирӯза, зеро ӯ хеле ба ташвиш афтода буд, ки оё падараш боз модарашро ба занӣ қабул мекарда бошад ё не? Ё Диловар онҳоро як хабар мегираду бо сабаби ду шавҳар кардани Сайёра боз онҳоро ба ҳолашон гузошта меравад.

-Ҷони падар, охир бо ёди шумо дар ин қадар сари сол дилу ҷигарам лах-лах шуду боз чи хел бо шумо зиндагӣ намекунам. Шумо як узви бадани ман ҳастед. Ҳоло намедонӣ, ки ман бо чӣ қадар мушкилиҳо ҷигарбандҳои худамро партофта ба Россия рафтаму дар ғаму андӯҳ ғӯтидам, ҳар як дақиқаву соати умрамро бо кадом машаққатҳо сипарӣ намудам. Инро ҳам барои шумо, барои зиндагии ояндаамон кардам. Вале…
-Шумо дигар зан нагирифтед?

-Не духтарам. Маро ба ҷуз туву модарат касе хушбахт карда наметавонад. Наметвонад! Ҳозир рафта модаратро мегирему ба хона меравем. Якҷоя зиндагӣ мекунем. Дигар ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо намешавем. Ҳама хушбахтӣ, ҳама ширинии ҳаёти ман шумоед.

Фирӯза хеле шод шуд, ягона шубҳааш ҳам нест гашт ва ба падар рӯ оварда:
-Ба хона ба Ховалинг меравем?

-Барои чӣ ба Ховалинг меравем. Ман хона гирифтам. Дар ин ҷо хона дорам. Онро ба ту туҳфа мекунам. Акнун ману модарат дар хонаи ту иҷоранишин мешавем,-гуфта ба ханда даромад падар.

Дар ҳақиқат, Диловар то ин дам бо зане ҳаёти нав барпо накарда буд. Гарчанде ӯ аз Россия баргашту хабари ба шаҳр кӯчидани зану фарзандашро фаҳмид, дар кӯчаҳои шаҳр онҳоро ҷустуҷӯ мекарду занеро ҳамсар интихоб наменамуд. Як сония ҳам зану фарзандаш аз пеши чашмаш дур намешуданд. Онҳоро бениҳоят ёд карда буд. Дар лаҳзаҳои танҳоӣ бо ёди онҳо ашк мерехт. Ин дарди зиндаҷудоӣ барои вай ниҳоят мушкил буд.

ӯ дар муддати кӯтоҳ дар шаҳр соҳиби хона ва зиндагии хуб гашта буд. Маблағи зиёд меёфт, лекин ҳама ин дороияш барои вай ҳеҷ менамуд. ӯ ҳама дороӣ, ҳама давлату савлаташро Сайёраву Фирӯза мешумурд, ки барои аз даст додани онҳо изҳори таассуф мекард. Мақсади ягонаи вай ёфт кардани зану фарзандаш буд. Аммо на ӯ зану фарзандашро ёфт, балки фарзандаш …

Фирӯза дида аз падар намеканд. ӯро нигоҳ мекарду мехост дар оғӯши падараш дарояд ва аз ҳавли гардани ӯ нафас гирад. Лекин сари чанбараки мошин будани падарашро фаромӯш намекард. Ба худ мегуфт, ки ҳоло аз мошин фароем, баъд…

Фирӯза ба падари ёфтгардидааш роҳи бозорчаи «Чаманоро»-ро нишон медоду падарашро хомӯш мондан намегузошт. ӯро маҷбур мекард як лаҳза хап наистад, гап занад…

…Онҳо ба назди бозорча расиданд. Фирӯза дасти падарро дошта сар намедод. Боз мисли кӯдакияш хурсанду хушҳол менамуд, дар лабонаш табассум медамид.

Ҳар ду ба Сайёра наздик шуданд. Дар ҳамин ҳолат чашми Сайёра ба Фирӯза афтод, ки миёни рафҳо хеле хурсанду хушҳолона қадам мегузораду дасташ ба дасти марде банд аст. Сайёра кӯшиши дидани он мард кард, лекин марди дигаре, ки пеш-пеши Фирӯзаву Диловар роҳ мегашт, ба Сайёра имкон намедод рӯйи марди дасташ ба дасти Фирӯза бастаро бинад.

Сайёра он эркагии даврони кӯдакии Фирӯзаро медид. Он эркагие, ки Фирӯза ба падараш мекард. Илова бар ин, ҳеҷ гоҳ ӯ Фирӯзаро ин тавр хушҳол надида ва хандаву табассуми Фирӯзаро аз кӯдакияш фаромӯш карда буд. ӯ ин хушҳоливу хурсандии Фирӯзаро дида, аз дил гузаронд: «Ҳар ҷо бошад, Фирӯза аз имтиҳон гузашту шодӣ мекунад». ӯ боз аз ин нияташ гашта «не, ин ҷо чӣ гапи дигар ҳаст»,- гуфту дар ташвиш афтод: «Майлаш, аз имтиҳон гузашта бошаду лекин чаро даст бар дасти марди бегона хандакунон меояд. Боз ҳамон эркагии даврони кӯдакияш. Охир, ӯ ин эркагияшро фақат ба «раҳматӣ»-и падараш мекард…» Дар ҳамин ҳолат суханҳои норавшани мулло Ҳикматулло, ки чандин сол пеш мегуфт, ба ёди Сайёра расиду ба худ гуфт:

-Оҳ, ҷавр дар сарам-е. Охир, ман то ин дам акламро хӯрдаам - ҳа? Наход ман ҳамон суханҳои сарбастаи муллоро нафаҳмида монам. Охир, бечора ба забони худаш мегуфт, ки ин ҳаққи ҳалоли худатон ҳаст, аз ман миннатдор нашавед, барои шавҳар карданат иҷозат нашуд, ба наздикӣ зиндагии осудаи пештараатро пайдо мекунӣ. Охир, ин суханҳои мулло Ҳикматулло аз зинда будани Диловар гувоҳӣ медоданд… Ман чӣ кор кардам? Худамро дар балову кулфат, ранҷу машаққат гирифтор кардаму дар ҳаққи Диловар хиёнатро раво дидам.

Сайёра Диловар будани он мардро пай бурду ҷойи ғаму дарди вуҷудашро якбора шодиву хурсандӣ фаро гирифт. ӯ акнун ашки ғами чакидаашро ба ашки хушҳолӣ табдил дод. Ҳиққак зада мегирист ва кӯшиш мекард, ки як сония пештар он марди пеш-пеш меомада бероҳа шаваду рӯйи Диловаро бубинад. Он мард қафо монд. Фирӯзаву Диловар акнун дар чашми Сайёра равшантар намудор шуданд.

Сайёра чун ин ҳол бидид, ҳуш аз сараш парид. Чашм аз Диловар намеканд. Вале боз метарсид. Метарсид, ки Диловар аз ба шавҳар баромадани вай ба қаҳр меояду зиндагии пештараро ба роҳ намемонад. Аммо ин тавр набуд. Аз чашмони Диловар ашки шодӣ мечакиду бари рӯяш мешорид. Вай ду шавҳари дигар кардани Сайёраро фикр намекард. ӯ, дар ҳақиқат, Сайёраро дӯст медошт, бо тамоми ҳастӣ, бо тамоми вуҷудаш дӯст медошт…

Сайёра саросема шуд. ӯ аз хурсандӣ мегиристу бахти дуборабаргаштаашро ба оғӯш гирифтан мехост. Ба ҳама фикрҳо хотима гузошта буд. Дар замин ва ё осмон буданашро намедонист. Вай беихтиёр аз он тарафи раф гузашта ҷониби Диловар давид. Давиду худро дар оғӯши вай гирифт. Диловар ҳам духтару модарро аз бағалаш раҳо намекард, ду дасти худро давр то даври камари онҳо дошта мегирист. Ин ҳолатро савдогарзанҳои бозор дида, ашк мерехтанду паст-паст чунин мегуфтанд: «Хайрият, Худованд ба рӯйи Сайёра хандид»…

…Фирӯза назди тирезаи хонаи дар қабати панҷум ҷойгиршудаашон китоб мехонд. ӯ як чашм бар китобу чашми дигар ба берун духта буд. Бесаброна аз тиреза калла бароварда, ба поён нигоҳ мекард ва боз хонданашро идома медод.

-Фирӯза,- овоз баровард модар аз ошхона.
Фирӯза овози модарро нашунид. Ҷавоб надод.

Сайёра бори дигар баландтар фарёд кард:
-Фирӯза!
-Лаббай, очаҷон.
-Биё, ба ман кӯмак кун, духтарам, таом пухта истодаам, вақти омадани падарат шуда истодааст.
-Э, очаҷон, ҳоло барвақт аст. Ин қадар шитоб накун. Атаҷонам ҳоло наомаданд.
-Э, духтар, ту чаро боз гапношунав шудӣ-ҳа?!- гуфта ханда кард модар ва ба худ гуфт: «Ин духтар роҳи падарашро интизор аст. Аз тиреза нигоҳ дорад, ки кай падараш аз кор бармегардад».

Садои мошин баромад. Фирӯза аз тиреза сар то гарданашро берун кард ва якбора китобро ҳаво доду саросема дарро кушода баромад.

-Куҷо меравӣ, эй духтар?,-гуфта пурсид модар. Лекин Фирӯза ин сухани модарро намешунид. Шунавад ҳам, ҳоло вақти ҷавоб гуфтан надошт. Аз ин саросемагии Фирӯза Сайёра пай бурд, ки Диловар аз кор баргаштааст.

Фирӯза ба пешвози падар баромад. Дар назди бино падаршро оғӯш карда бӯсиду аз дасташ гирифта ба хона баргаштанд.

Дар кушода шуд. Сайёра Диловару Фирӯзаро паҳлуи ҳам дид. Ҳар се механдиданд, вале Таманно хомӯш буд. ӯ ҳам мехост Диловарро ба оғӯш гирад, лекин ба ин ҷуръат намекард. Чунки Диловар падарандараш асту бо вай то ҳол одат накардааст. Аз ӯ каме мешармад, аммо ба ҳар ҳол Диловар бо Таманно мисли Фирӯза муносибат ва ба ӯ духтарам гуфта муроҷиат менамуд...

…Офтоб аз ҳарвақта бештар гармӣ медод. Болопӯши бозорчаро тафсонда мемонд. Ҳалқи савдогаронро хушк мекард. Аз баданашон арақ мечаконд. Ҳар як савдогар аз ташнагӣ об бар ҳалқ мерехту пушти рафҳо мемонданд. Вале байни онҳо ҷойи Сайёра холӣ буд. Сайёра дигар ба ин бозор ба савдо намеомад. Фирӯзаро ҳам пушти раф намедиданд…

АНҶОМАШ...

 

 

 

 

 

 

 

 

  

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД