arzon replenishment
БА МЕҲРИ ПАДАР НИЁЗ ДОРАМ(ҚИСМИ 11)
1949

ИДОМААШ...

Умар дар асл хислатҳои бадтарини инсонӣ дошт. Ба касе раҳму шафқат намекард. Бештар манфиати худашро фикр карда, амал менамуд.

Барои манфиати худ дигаронро фиреб ва ба дом меандохт, ҳатто зери таҳдиди худ қарор медод. Агар ба касе зӯраш мерасид, онро фишор наоварда намемонд. Ин хислатҳои бади ӯро ҳама мардуми деҳа медонистанд.

Дарвоза боз шуд. Он аз омадани касе бори дигар хабар дод. Сайёраву Фирӯза чашмони намнокашонро ба ҷониби дарвоза бастанд. Онҳо мулло Ҳикматуллоро диданд, ки дар тан ҷомаи сиёҳ ва дар сар салла ва дар пойҳо кафшҳои резиниву маҳсӣ тарафи онҳо меояд. Аз дидани мулло дар тани модару духтар гӯё хуни гарм давид, умеде чун оташи ногаҳонӣ дар дилашон пайдо шуду ба аъзои баданашон гӯё гармӣ овард. Аз дил гузаронданд, ки акнун мулло ба доди онҳо мерасад, мушкилоташонро осон менамояд. Охир, ҳеҷ кас аз мардуми деҳа аз хатти кашидаи мулло намебарояд-ку. Ҳар касеро чӣ фармону супорише, ки диҳад, ба иҷро мерасонад. Мардум ӯро аз рӯйи суханҳои ширин ва ақлу донишаш ҳурмату эҳтиром менамоянд. Ғайр аз ин, аз даму дуои мулло метарсанд. Мегӯянд, ки агар муллоро ранҷониву дуоят кунад, ҳатман ба ягон бало гирифтор мешавӣ. Маҳз аз ҳамин сабаб Фирӯзаву Сайёра умед бар он доштанд, ки агар мулло мусоидат кунад, шали Умар ҳатман хонаро тарк мекунаду ба онҳо дигар кор намегирад.

Фирӯза аз омадани мулло шод шуд. Каме тарсу ҳарросаш рафъ гардид. Дигар боварӣ дошт, ки мулло Умарро аз хона пеш карда натавонад ҳам, ӯро намегузорад ба модараш даст дароз кунад, ӯро занад.

Мулло чун аҳволи Сайёраву Фирӯзаро, ки мисли латтаи фарсудашуда менамуданд, дида дар ҳайрат афтод. Ба дили худ гуфт: «Ба ин парандаҳои қанотшикаста чӣ шуда бошад?» ӯ каме дигар наздиктар шуд ва нисфи лоқу пари Сайёраро дар долону ҳавлӣ дид.

-Духтарам, чӣ гап аст, тинҷӣ ҳаст?,-гуфт муллову суханашро давом дод,- Аз кӯча мегузаштам, ки садои тарақу парақи ашёҳо ва дашному ҳақоратро шунидам. Гуфтам як сари қадам аз ҳолатон хабар гирам… Чӣ гап аст, охир? Хона баровардаӣ ё ягон гапи дигар шуд?

Сайёра аз ҷояш намеҷунбид. Гӯё   забонаш аз фармонаш баромада бошад, ба саволи мулло ҷавоб надода, гиряашро давом медод?

-Духтарам, охир гап зан, чӣ ҳодиса рух дод?

Ин дафъа Сайёра бо овози ғиҷовагирифта ҷавоб дод:

-У-умар!

-Чӣ Умар? Умар чӣ кор кард?

-М-моро аз хона-амон пеш карда истодааст.

Мулло аз ин сухани Сайёра ҳайрон шуд ва гиребонҳояшро дошта ба тавба кардан пардохт. Охир чӣ тавр тавба накунад, ки ба монанди шали Умар ваҳшиёни одамсурат дар ҷомеа ҷой доранду мардумро, ба қавле рӯз намедиҳанд. Магар ин рафтори Умар аз рӯйи ақлу хиради одамӣ аст? Ҳатто ваҳшитарин ҳайвонҳо аз ин хел корҳо дурӣ меҷӯянд.

Мулло оташин шуд. Ба ин рафтори шали Умар нафраташ омад ва ба сӯи ӯ, ба дохили ҳуҷра қадам монд.

-Умар!,-гуфт мулло

Умар аллакй омадани муллоро фаҳмида буд. Аз ин хотир ба пасаш нигоҳ накарда ҷавоб дод:

-Ҳа, чӣ мегӯӣ, бобои мулло?

-Ту чӣ кор мекунӣ? Айбу шармро намедонӣ?

-Чӣ кор кунам, мулло?!

-Чаро зану фарзанди бародаратро аз хонаашон пеш мекунӣ?

-Бас аст, акнун. Ҷояшонро ёбанд. Қариб якуним сол дар ин хона роҳашон додам. Ин хонаи ман аст.

Ин дафъа мулло худашро дошта натавонист. Мисли пештара мулоим сухан нагуфт. Баръакс, дағалона ба Умар рӯ овард:

- Бас кун-е ин номаъқулиатро. Ту чӣ хел мусулмонӣ? Наход ту зану фарзанди бародаратро аз хонаи худашон пеш кунӣ. Боз дар ҳамин рӯзҳои сарди зимистон. Онҳо як шаб дар кӯча монанд, медонӣ чи аҳвол ба сарашон меояд? Мемуранд! Охир, фарзанди бародарат фарзанди худат ҳисоб мехӯрад. Айбу шармро дон. Аз Худо тарс! Ин бечораҳои бекасу танҳо ба куҷо мераванд. Дар ин солу замона онҳоро кӣ меғунҷонад. Дар асл нигоҳубин, хӯрду хӯроки онҳоро ту бояд ба зимма гирӣ. Лекин ту чӣ кор карда истодаӣ? Ба ҷойи онҳоро нигоҳубин кардан, аз хонаи худашон пешашон мекунӣ. Боз дар ҳамин фасли сармо.

-Гӯш кун, мулло! Дар гӯши ман ин қадар афсона нахон. Гӯё мо ба қадари ту намефаҳмида бошем. Ба кадом роҳе омадӣ, ба ҳамон роҳ баргард.

Мулло оташин шуд. Ончунон ба ғазаб омад, ки манаҳаш аз қаҳр меларзид. Дигар ба ин бефаҳм чӣ гуфтанашро намедонист.

- Ту ҳам «гургро дар овмурӣ ёфтӣ». Онҳоро пеш карданӣ будӣ, чаро дар гармӣ, дар тобистон неву дар ин зимистон пеш мекунӣ? Ё ту аз ранҷу азоби онҳо ҳаловат мебарӣ? Мон, ақаллан то тобистон дар хонаашон истанд.

-Э, корат чӣ. Ҳар вақте хоҳам, пеш кардан мегирам. Рафта аз паси намозу рӯзаат шав. Ту ба ин корҳои ман чӣ кор дорӣ?!

-Э, аблаҳ, ин ҳаққи ҳалоли Сайёраву Фирӯза аст. Ин хона ба ту насиб намекунад, номусулмон!

Умарро суханҳои мулло таъсир намекард. Корашро давом медод. Боре ба ҳоли зори Фирӯзаву модараш наменигарист. Ба онҳо раҳмаш намеомад. Боре ҳам ба худ суол намедод, ки дар кадом асос хонаи бародари раҳматиашро аз дасти зану фарзанди ӯ кашида мегирад.

Мулло Ҳикматулло акнун дарк кард, ки суханонаш ба Умар таъсире намекунанд ва Умар аз ин мақсадаш даст намекашад. Аз ин рӯ, мулло маҷбур шуд ба қафо баргардад. Лекин худашро ором карда наметавонист. Охир, чӣ гуна худро ором кунад? Ҳолу аҳволи Сайёраву Фирӯза ашкро аз чашмони ҳар бинанда начаконда намемонд. Нафрати касро ба рафтори Умар меовард.

Мулло ба сарзаниши Умар сар кард. Аз ғазаб чи гапи пастобаланде, ки ба даҳонаш меомад, гуфтан гирифт. Боз дуо ҳам мекард, лекин Умар ҳам хомӯш намемонд. Вай ҳам муллоро дашном медод.

-Худовандо, ҳамин хона насибат накунад. Аз ҳамин хона соқу саломат набароӣ. Омин, Оллоҳу Акбар,- мулло ин гуфту дасти дуо бар рӯй кашид ва аз ҳуҷра баромада дар айвони хона расида буд, ки овози Умар баланд шуд:

-Мулло, «бо дуои кӯрмуш ҳаво намеборад!»

Ҳикматулло ба пасаш нигоҳ накарда,ба ҳавлӣ ба назди Сайёраву Фирӯза омад.

-Хез, духтарам,- гуфт мулло ба Сайёра ва суханашро идома дод,- Ба хонаи ман меравем. То «фармон» шудана интизор мешавем. Ҳа, то «фармон» шудана дар хонаи ман меистед. Агар иҷозат шавад, аз болои Умар ба суд шикоят мекунему хонаро кашида мегирем.

Мулло боз мисли пешина суханҳои печ дар печ мегуфт. Паси ин суханҳои вай эҳтимол сиру асроре ниҳон буд ва ин суханҳои   мулло Сайёраро ба андеша кардан водор менамуд. Охир, Сайёра чӣ хел андеша накунад, ки аз даҳони мулло ҳар гуна суханҳои гӯё «ҳавоӣ» мебарояд. Боз он кӣ аст, ки аз ғайб ба мулло бобати Сайёра фармону супориш ва ё хоҳишу илтимос мекардааст. Ана, аз марги Диловар мулло ба ин хона меомадагӣ шуду ба Сайёра ҳамин хел суханҳои асрорангез мегуфтагӣ.

Сайёра каме фикр карду ба мулло ҳеҷ чиз нагуфт. Ба даъваташ ҳам розӣ нашуд. Аммо баъди чанд дақиқа ноилоҷ ба хоҳиши мулло ризо гашт. Чунки агар ба хонаи мулло наравад, маҷбур аст шабҳоро дар кӯчаҳо рӯз кунад.

Сайёра аз ҷой хест. Дасти Фирӯзаро гирифта аз паси мулло рафтанд. Ба назди дарвоза расиданд. Дар ҳамин ҳолат садои имдодталабонаи Умар аз дохили ҳуҷра баланд шуд. «Поям» гуфта дод мезад. Модару духтар дарҳол ба қафо нигоҳ карданд, ҷониби садои Умар, ба хона таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Лекин мулло як маротиба ба пасаш нигоҳ накард. Гӯё овози имдодталабонаи Умарро намешунид. Сайёра аз ин рафтори мулло ҳайрон нашуд. Зеро аниқ кард, ки Умар муллоро ранҷондаасту мулло ба ӯ дуои бад кардааст. Охир, дар бораи даму дуоҳои ин мулло овозаҳо бисёранд ку. Ин овозаҳо ба гӯши Сайёра низ расида буданд.

Дар ҳақиқат, ба сари Умар ҳодисаи нохуш омад. Ҷевони либосҳои Сайёра , ки   дар он пештар либосҳои Диловар ҷойгир карда шуда буданд, афтода болои пойи чапи Умар зад. Ана ин пойи Умар ҳам захми калон бардошт ва то охири умр ин пойи Умар ҳам шал монд …

Мулло Ҳикматулло Фирӯзаву Сайёраро ба хонааш бурд. Онҳоро дар ҳуҷраи алоҳида ҷой кард. Боз гуфт, ки ин хонаро хонаи бегона фикр накунанд, мисли хонаи худашон шуморанду чи тавре ки мехоҳанд, зиндагӣ намоянд. Ба занаш таъкид кард, ки ба Сайёра қошу қавоқ нагиронад, балки ӯро ҳурмат кунад. Ҳар хӯроке, ки аҳли хонавода мехӯранд, ба онҳо ҳам диҳанд. Сипас, мулло ба кӯча баромада, ҳамсояҳоро ҷамъ карду лоқу пари Сайёраро кашонда овард…

…Ҳафтае сипарӣ шуд. Сайёраву Фирӯза дар хонаи мулло истиқомат мекарданд. Зиндагиашон дар ин ҷо беҳтар мегузашт: гурусна намемонданд, дигар касе таҳдидашон намекард ва ба сарашон мушту лагад намебардошт. Қариб ҳамаи хавфу хатарҳои дар дилашон ҷойдошта барканор шуда буданд. Аҳли ин хонадон низ ба онҳо хеле хуб муносибат мекарданд. Лекин ба ҳар ҳол хонаи бегона бегона аст. Дили кас дар он намефарояд, хиҷолатмандона мезияд.

Акнун Сайёраро дар ин ҷо дигар масъала побанди худ карда буд, ки ӯ рӯзҳои дароз дар бораи он фикр мекард. Ин сабук шудан аз души мулло Ҳикматулло ва ба худ ёфтани сарпаноҳ буд. Гарчанде ҳама аҳли ин оила инсонҳои тарбиятдида бошанд ҳам, Сайёра дар болои каси дигар бори зиёдатӣ шудан намехоҳад. Хостааш ба худ сарпанҳое ёфтан ва ба авзои худаш зиндагияшро пеш бурдан аст.

Фирӯза ҳам дар ин хона худро бегона эҳсос мекард. Ин хонаро мисли хонаи худашон пиндошта наметавонист. Баръакс, ҳар лаҳза мехост ба хонаи худашон баргарданд. Чунки дар назараш бӯйи падарашро дар ин хонаи мулло эҳсос карда наметавонад. Вай хеле вақт аз ҳавлии мулло ба сӯйи хонаашон, ки ду- се ҳавлӣ аз хонаи мулло поёнтар буд, нигоҳ карда, чуқур-чуқур нафас мегирифт, то бӯйи падарашро каме ҳам бошад, эҳсос намояд.   Боз Фирӯза меандешид, ки агар дар рӯзҳои наздик ба хонаи худашон барнагарданд, бӯйи падараш дар хона бе вай ранҷида хонаро тарк мекунад.

Ба хонаи мулло Ҳикматулло кӯчидани Сайёра фикрҳои занҳои ғайбатчии деҳаро тақвият бахшид ва гапу калочаҳои зиёдае дар бораи онҳо авҷ гирифт. Ана акнун, ба қавле тут табъи дили занҳои ғайбатчӣ пухт. Баъзан занҳо лаби чашма ва бегоҳирӯзиҳо ба кӯчаҳо баромада, дар бораи Сайёраву мулло соатҳои тулонӣ ғайбат мекарданд. «Аз пашша фил месохтанд» ва мегуфтанд: «Ана, диден, ҳамсояҳо, ахир нашуд мулло «арӯсаш»-ро ба хона овард. Никоҳ нокарда зиндагӣ мекунанд. Гӯё ба ӯ раҳмаш омада бошаду ӯро ба хонааш... Ҳамон фикрҳои пешинаамон рост баромад. Гуфта будем, ки рӯзе мешаваду мулло ӯро ба хонаи худаш мебарад. Ҳайфи ин мулло, сад ҳайф! Боз ба мардум насиҳату маслиҳат медодааст. Мегӯянд, ки муллоро ба гуфтааш бикуну ба кардааш не. Ба Худо, ин гапҳо рост будааст. Ин мардҳои мо боз аз паси вай намоз мехонанд. …Намози онҳо дуруст нест, ба Худо, ки дуруст нест!…».

Аз ин суханони занҳо Сайёра огоҳ буд. Лекин чӣ илоҷ! Маҷбур буд дар ин хона зидагӣ кунаду гӯшҳои худро ба ношунавоӣ андозад...

ИДОМААШ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД