Arzon march 2024
БА МАРДИ ЗАНДОР ОШИҚАМ
19.02.2021
Р. Азимӣ
6674

Салом «Оила»! Мафтуна ҳастам аз ноҳияи Данғара. Ҷавонеро аз ҷонам зиёдтар дӯст медорам. Рӯҳу равонам моили ӯст, вале афсӯс, ки зан дорад. Қассамҳои болохонадор хӯрда мегӯяд, ки аз рӯзи аввал ҷавоби занамро додам.

Бародаронаш ҳам гапи акаашонро тасдиқ намуда мегӯянд, ки

худи ҳамон шаб ҷавоби занашро дода буд. Ҳама аз ишқи шумову акаам дар хона бохабаранд мегӯянд. Намедонам чаро, вале ба гапашон бовар карда наметавонам. Мо зудзуд бо ҳам вомехӯрдем. Ошиқам «соли оянда хонадор мешавем» гуфта маро дилпур месозад, вале кадом қувваи ноаёне дар дилам тухми нобовариро киштааст.

Зиёд фикр карда ба хулосае омадам, ки фаромӯшаш кунам, вале ҷудоии якҳафтаина аз ӯ ҳоламро баду маро дар орзуяш ғамкушта намуд. Ишқам пок асту муҳаббатам нисбаташ самимӣ. Ҳайрон мондаам, ки чи кунам. Ба ман маслиҳат диҳед, хонандагони азиз!

Мафтуна аз н. Данғара

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД