Ман як зани 45-сола ҳастам. Ростӣ, намедонам номаи маро хонандагони “Оила”чӣ гуна қабул мекунанд, зеро ман аз нафари бегона не, аз модари худам шикоят дорам.
Ману шавҳарам бо ҳам 25 сол зиндагӣ карда, ҳеҷ соҳиби хонаи шахсӣ шуда натавонистем. Тамоми ин солҳо шавҳарам дар муҳоҷират қарор дошта бошад ҳам, маблағи фиристодаашро базӯр барои сер кардани шиками бачаҳоям истифода бурда, пулро захира карда наметавонем. Чанд рӯз қабл шавҳарам ба ман занг зада, хабар расонд, ки дар Русия барои ман ҷои кори хубе ёфтаасту агар ман ҳам рафта, ҳамроҳаш кор кунам, дукаса каме маблағ ҷамъ оварда, бо ҳамон пул аз қишлоқи модараш як порча замин харида, хона сохта метавонем. Ростӣ, як духтарамро ба шавҳар додааму як духтарам нав ба синни 17 қадам мегузорад. Шавҳарам маслиҳат дод, ки то аз Русия баргаштанамон духтарамонро бурда, дар хонаи модарам монам, вале модарам бо шунидани ин гап шӯру қиёмат барпо кард.
Он кас мегӯянд, ки аз уҳдаи нигоҳубини духтари ман намебароянду ӯро беҳуда дарди сараш накунем. Аз чунин рафтори модарам сахт ранҷидам ва чандест, ки ба худ омада наметавонам. Ҳайрон мешавам, ки модарам азобҳои маро дар хонаи иҷора донад ҳам, ба ман кумак расонидан намехоҳад. Хонандаи азиз, ба фикратон модари ман ҳақ аст?
Г.