Ҳар як духтар дар ҷавониаш шаҳзодаи хаёлӣ дорад. Образ ё симои мардеро дар орзуҳои хеш парвариш менамояд.
Яке дар орзуи ҷавони қавипайкар асту дигаре дар олами рӯъёии орзуҳои хеш мебошад. Маҳбуби хаёлии яке сарватманди саховатмандест, ки кулли хоҳишҳояшро дар як дам амалӣ месозад. Аз дигаре новобаста бо фақирӣ аҳли дил аст. Аз ин рӯ, шояд ишқи духтаре ба марди сарватманде эҳдо мегардаду орзуҳои парваридаи духтари дигаре дунёи бачаи камбағалеро рангин мегардонад ва касе наметавонад ҳукм дошта бошад, ки ҳақ ҷониби кист.
Ҷавони орзуҳои ман низ як ҷавонмарди огоҳ аз дунёи ишқу шеъру роз буд, ки ҳангоми хонадоршавӣ дар симои шавҳари хеш меҷустамаш. Дар тасаввури мани аз воқеияти зиндагӣ бехабар, хонаи пур аз китобу дафтар ва баҳсҳои тӯлонӣ аз адабу ишқ, аз шӯру ғавғои дунё ва муҳаббати осмонӣ мебошад, ки бе ниёз марди ҷасури бовафо, тавонову закӣ, пуштибону такягоҳ дар уфтодагӣ ва ҳамболи парвозҳо дар олами бефанои орзуҳо буд.
Аммо сад афсӯс, зиндагӣ на он аст, ки мо дар орзуҳо парвардаем. Ҳақиқат на он аст, ки мо мехоҳему дар тахаюли хеш меофарем. Ишқ на он аст, ки дар афсонаву адабиёт ба қаламаш додаанд, то ширин садо бидиҳаду ба гӯшҳо навозиш бибахшад, то дилнишин бошаду мафтунсоз ва оромиш бахшояд, то оташи қалбҳоро бишканад.
Аввалан бархӯрди воқеият бар орзуҳо садамаест, ки таъсираш бар ҷони инсонҳо асари мудҳиштаре аз асари садҳо садамаҳои дигар дорад. Аз ҳама садамаҳои ҳавоӣ ва баҳриву зеризаминӣ зарбаҳояш ҷонкоҳтаранд. Ин бархӯрд ба воқеияти нобуди ишқи як ҷавонписар ба як бонуи зебоест, ки ҳатто аз дилаш огаҳие надорад. Ин фиреб ба унвони дӯст доштан, ошиқ шудан, дил бохтан, ба кӯйи қалбе раҳ паймудану ба қасри муҳаббате ворид гаштан аст. Вале бадтару нафратовар аз ҳама дил бастан ба онест, ки ба ғайр аз тамаъ аз “муҳаббат” ба ту, чизи дигаре интизор надорад. Ё барош бозичаи дилхушие беш нестиву барои кайфияташ кайҳо қурбонат кардааст.
Ба хотири фиреб нахӯрдану баъдан насӯхтанҳо ба худ дурӯғ нагӯед. Худро нафиребед, зеро аксаран ошиқон хатоҳое мекунанд, ки хонумонсӯз аст. Бояд аз рӯи ақл идрок намуд, ки воқеияти зиндагӣ дигар аст. Он, афсонаҳои бибикалону шеъри ошиқона нест, ин зиндагист, ки хеле сангдилу сахтгир ва бераҳм аст.
Ҳар субҳ аз хоб бо сухани хуш нисбати худ ба по шавед. Ба худ изҳори ишқ намоед, ба волидайну фарзандони хеш ва наздикони худ дуои нек эҳдо кунед. Ҳамеша худро дӯст бидоред. Зеро гумон аст, ки дигарон ба он ҳадде дӯстатон бидоранд, ки дар орзуҳоятон парвардаед. Ба қадри худ бирасед!
МАРҶОНА