formula feb 2025
Ба хотири модарам аз баҳри зану фарзандонам гузашта, бадбахт шудам
04.02.2025
Oila.tj
829

Салом! Одатан мардҳо ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ шикоят намекунанд, вале ман мехоҳам сарнавишти талхамро нақл кунам, то ба дигар ҷавонмардон дарси ибрат гашта, хатои маро такрор накунанд...

Ману зани якумам ҳамдигарро дӯст дошта, бо меҳру муҳаббати бепоён оила бунёд карда будем, вале аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ҳамсарам ба модарам ҳеҷ писанд наомад. Аниқтараш модарам мехост духтари хоҳарашро келин кунад, аммо мани ошиқ ба ҳеҷ ваҷҳ бо духтари холаам издивоҷ кардан нахостам. Модарам аламашро аз занам гирифта, бо ҳар баҳона ба кору бори келинаш эрод мегирифт ва ӯро паст мезад. Занам духтари боодобу сарпаст буд ва ба хотири меҳру муҳаббате, ки нисбат ба ман дошт, сабурона ба ҳамааш тоқат карда, ҳеҷ гоҳ гап намегардонд ва дар ҷавоби таҳқиру хориҳои модарам чизе нагуфта, ҳурмату эҳтироми аҳли оиларо ба ҷо меовард, вале ҳис мекардам, ки дарун ба дарун ғам мехӯрад, чунки рӯз то рӯз лоғартар мешуд ва ранги рӯяш низ мисли заъфарон зард шуда буд. Ҷуръат намекардам, ки тарафи занамро гирифта, ба модарам чизе бигӯям, зеро мо дар деҳа зиндагӣ мекардем ва мардеро, ки аз пушти занаш бо аҳли оила даъво мекунад, занкалон гуфта, масхара мекарданд.

Хулласи калом, ҳамсарам ҳарчанд кӯшиш мекард, ҳеҷ дили модарамро ёфта наметавонист. Модарам ҳамеша ба ӯ мисли душман нигоҳ мекард ва чашми диданашро надошт.

Бо ҳамин минвол аз байн ду сол гузашту мо соҳиби ду писарчаи дугоник шудем, вале бо амри тақдир кӯдакон бемор ба дунё омаданд. Занам баъди таваллуди дугоникҳо аз дарду ғам ким-чихел хаёлӣ ва беморнамо шуд. Модарам “ман намегузорам, ки писарам умрашро бо зани касалию бачаҳояш хазон кунад” гӯён, ба ҷону ҳолам намонда, маро маҷбур кард, ки занамро бурда дар хонаашон монам ва талоқашро диҳам.

Ҳамин тавр бо амри модар зану фарзандонамро партофта, дубора хонадор шудам, аммо зани дуюмам дузд баромад. Аз дасти вай дар хона чиз намонд ва маҷбур шудам, ки талоқашро дода, бори сеюм оиладор шавам. Зани сеюмам одами бад нест, лекин аз хонадоршавиамон 7 сол гузашта бошад ҳам, худо ба мо фарзанд надода истодааст. Аксар вақт фикр мекунам, ки маро дуои зани якумам гирифтааст ва шояд умрамро бе фарзанд гузаронам.

Ба мардҳои тоҷик гуфтаниям, ки ҳаргиз ба хотири дигарон шуда, оилаи ободи худро вайрон накунанд, вагарна мисли ман як умр пушаймон мешаванд.

М. Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД