Ассалому аллайкум, аввалан ба кулли хонандагон саломатӣ мехоҳам, баъданмехоҳамзиндагиномаихудро ба шумонақл карда, каме сабук шавам.
Ман бо меҳру муҳаббат ба духтари дӯстдоштаам хонадор шудам. Аз тӯямон ҳамагӣ 3 моҳ гузашта буд, рӯзе дидам, ки арӯсак дар ҳавлиямон гурбаву сагҳои дайдуро ҷамъ карда, ҳар субҳ ба онҳо шир медиҳаду пасмондаи хӯрокро барояшон захира менамояд.
Модари ман, ки аслан сагу гурбаро бад мебинад, ин кори арӯси навро дида, ба хашм омаду ба ман гуфт, сари вақт лаҷоми занамро кашам. Модарам шиква кард, ки ҳангоми дар ҷои кор буданам арӯс гурбаро ба ҷойгаҳаш бурда хобондааст ва сагеро аз кӯча гирифта, дар ташноби умумӣ оббозӣ дорондааст.
Модарам мегуфтанд, ки сагу гурбаҳои бемор бисёр аст, мабодо аз рӯйи зани ту шуда ба касалии гузарандаи бруселёз гирифтор нашавем. Гапи модарам рост буд. Ман ҳам сахт асабӣ шуда, шабона дар танҳоӣ аз занам хоҳиш кардам, ки дигар ин корашро такрор накунад. Ин гапи ман ба занам сахт расид ва бо қаҳр сӯям нигариста гуфт, ки “ман аз давраи кӯдакиам гурбаву сагчаҳоро дӯст медоштам, щатто дар хона гурбача дорам.
Онро рӯзҳои наздик модарам меорад. Агар мародӯстдорӣ, ин шуғли маро қабул намуда, чизенамегӯӣ. Агардӯстнадорӣ, ман ба хонаимодараммеравам”. Ростӣ, баъди ин гапи занам чӣ кор карданамро намедонам.
Ба модарам чӣ мегӯям? Илтимос, маслиҳати худро аз ман дареғ надоред.