Ману шавҳарам Асомиддин зиндагии хушу осоиштае доштем. Ҳама ба зиндагии мо ҳавас мебурданд. Соли 1981 шавҳарам барои хизмати аскарӣ ба шаҳри Волгогради Русия рафт.
Тамоми тоҷикбачаҳо баъди адои хизмат ба назди азизонашон баргаштанд, вале шавҳари ман наомад. Аз нафароне, ки Асомиддинро мешинохтанд, сабаби наомаданашро пурсидам. Ҳама бо як овоз мегуфтанд, ки шавҳарам бо тоторзане унс гирифта, оиладор шудааст.
Ин хабар маро кушта зинда гардонд, вале худро ба даст гирифтам, зеро бовар доштам, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст ва рӯзе ҳатман ақлаш ба сараш зада, ба назди ман ва писари ягонааш Аъзамҷон бармегардад. Дигар аз Асомиддин хату хабар нашуд. Писарам калон шуд. Бе дуои падар ба сари тахти домодӣ нишасту бо оби дида, ба хонаи бахти худ қадам гузошт. Мисли дигар занҳо шавҳар накардам, роҳашро поидам ва эҳсос мекунам, ки рӯзе падари фарзандам аз дари хонаам медарояд, зеро ман ба хотири ӯ аз баҳри ҳама чиз гузаштам. Ин сатрҳоро бо хуни дил навишта истодаам. Дар охир ба хонандагони ҳафтаномаи “Оила” гуфтанӣ ҳастам:
40 сол мешавад, ки шавҳарамро гум кардам. Аниқтараш, ӯро тоторзани ҷодугаре аз ман рабуд. То охирин нафас исмаш ба забон мегираму ӯро фаромӯш намекунам. Тамоми ин солҳо нисбаташ бадбинӣ ва нафрат накардаам. Агар нияти баргаштанро дошта бошаду хавотир бошад, ки аз ӯ рӯй метобам, ҳаминро мегӯям, ки баргардад. Писару набераҳоят роҳи туро интизоранд, шавҳари азизам! Агар бадие мекардам ва ё туро ҷонбезор мекардам, имрӯз бароям дарднок набуд. Бо вуҷуди он ки тамоми ин солҳо бе ту ранҷ кашидам, чун пештара дӯстат медорам. Ба хонаву дарат баргард, Асомиддин!