Салом! Ман модари ду фарзанд ҳастам. Кӯдаконам дугониканду як ҳафта мешавад, ки ҳардуяшон беморанд. Чанд шаб боз хоб мебинам, ки дар оғӯшам як кӯдаки тамоман бегона асту ман гириста-гириста он кӯдакро шир дода истодаам. Хобамро ба модарам гуфтам, он кас “аҳамият надеҳ” гуфтанд, вале табъашон хира шуд. Метарсам, ки ба сари кӯдаконам ягон фалокат наояд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!
ЗАМИРА, н. Хуросон
Посух:
- Озурда набошед, шир додан ба кӯдаки бегона дар хоб фоли бад ва нишонаи сар задани ягон ҳодисаи нохуш дар оилаи шахси хобдида нест, баръакс чунин хоб делели хайру баракат аст.
Тавре дар хобномаҳо омадааст, шир додан ба кӯдаки хурдсол дар хоб нишонаи хуб буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳаёти шахси хобдида ҳодисаҳои хурсандибахш рӯй медиҳанд. Чунин хоб як навъ огоҳӣ аст, ки корҳои шахси хобдида бобарор гашта, даромади калони пулӣ ба даст меорад ва зиндагиаш пур аз шодиву нишот мегардад. Духтари муҷаррад хоб бинад, ки ба кӯдаке шир дода истодааст, дар ҳаёташ ҳодисаи хурсандиоваре рӯй медиҳад - шавҳар мекунад ё ягон кори сердаромад меёбад. Наварӯс ё зани шавҳардор чунин хоб бинад, ҳомиладор шуда, фарзанди солеҳ ба дунё меорад.
Зану шавҳаре, ки солҳо дар орзуи фарзанд буданд, чунин хоб бинанд, ба муроди дилашон расида, кӯдакдор мешаванд.
Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки зан дар хобаш кӯдакеро шир диҳад, соҳиби ягон вазифаи баланд мешавад.
Дар маҷмуъ, шир додан ба кӯдак дар хоб нишонаи сар задани ягон ҳодисаи хурсандиовар дар ҳаёти шахсии шахси хобдида мебошад. Ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, ки агар зан дар хобаш кӯдаки бегонаро шир диҳад, одамони дар гирду атрофаш буда ба кумаки вай эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Синаи пур аз шири зан дар хоб рамзи боигарӣ, давлату сарват ва хушбахтӣ будааст. Дар аксари хобномаҳо омадааст, ки агар зан дар хобаш ба кӯдаке шир диҳад, дари бахту саодат ба рӯяш боз гашта, ба тамоми орзуҳои ширине, ки дар дил дорад, мерасад.