Ба канали Марғедар, ки яке аз калонтарин иншооти обёрии шаҳри Панҷакент аст ва бар асари ярч беш аз навад метри маҷрои он зери хоку сангпораҳо монда буд, баъди корҳои барқароркунӣ об омад.
МИҲД-и шаҳри Панҷакент бо истинод ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон иттилоъ дод, ки барои аз хоку сангпораҳо тоза намудани хати об ва бардоштани хоктеппаҳо, ки хатари лағжиданро дар пай дошт, техникаи зарурӣ сафарбар шуда, маҷрои канал дар қитъаи осебдида бетонпӯш карда шудааст. Дар ин кор Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об низ саҳмгузорӣ намудаанд.
- Рафти бартараф кардани оқибати офати табиӣ зери назорати ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошт. Зимнан, бо канали Марғедар беш аз 5000 гектар заминҳои кишт ва боғу ток обёрӣ карда мешавад,- меафзояд манбаъ.