Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши расмҳо таҳти унвони “Чеҳраҳои ошно” баргузор мегардад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти донишкадаи мазкур, дар намоишгоҳ асарҳои рассоми ҷавон, устоди донишкада Наврӯз Саидов манзури алоқамандони соҳа гардонида мешавад. Намоишгоҳ санаи 16-уми ноябри соли 2024, соати 10:00 дар намоишгоҳи донишкада ифтитоҳ шуда, то 1-уми декабри соли 2024 идома меёбад.
- Ҳамасола ин муассисаи олии касбиро садҳо ҷавонони соҳибистеъдод хатм намуда, ба фаъолияти эҷодиву фарҳангӣ машғул мешаванд, ки Наврӯз Саидов аз зумраи онҳост,- меафзояд манбаъ.