Салом! Ман ҷавони 18-солаи ба дарди ишқ гирифтор мехоҳам аз шумо маслиҳат пурсам.
Соли гузашта бо як духтари аз худам 4 сол калон шинос шудам. Новобаста ба тафовути синнусолӣ мо ба ҳамдигар писанд омадем ва муддати 5 моҳ мисли Лайлию Маҷнун волаю шайдои ҳамдигар будем, вале рӯзе ба хонаи дӯстдоштаам хостгор омаду ниҳоли нозуки ишқи моро хазон гардонд.
Ба гуфти худаш, хостгорон бегона не, балки хеши модариаш будаанд ва ба хотири наранҷонидани онҳо дӯстдоштаам “мебахшӣ, ман ба наздикӣ тӯй дорам” гӯён, муносибаташро аз ман канд.
Пас аз ин чандин маротиба занг зада, хоҳиш кардам, ки дар ягон ҷо вохӯрем, аммо розӣ нашуд. Аҷибаш он аст, ки аз байн аллакай қариб 6 моҳ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз тӯй нашудааст, вале ҳар боре, ки ба ӯ занг мезанам, бо итоб “гуфтам-ку ман ба наздикӣ тӯй дорам” гӯён, телефонро хомӯш мекунад.
Мехоҳам як бор рафта аз наздик бо вай сӯҳбат кунам, вале дудила ҳастам, ки ин корам ягон натиҷа медода бошад ё не? Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
М. С, хонандаи "Оила"