Sebiston new 2024 october
Ба дугонаи дӯстдоштаам ошиқ шудам
5340

 

Ман Абдусалом, аз н.Рӯдакӣ ҳастам. Муддати се сол мешавад ошиқи ҳамсоядухтар гаштаам. Ишқи мо замоне оғоз шуда буд, ки ману Сабрина кӯдак будем. Дар аввал то синфи 9 мисли мушу гурба ба ҳамдигар “рост” намеомадем. Баъд аз синфи 9 аллакай ҷӯрагии мо ба ошиқӣ мубаддал шуд. Дар мактаб низ ҳеҷ кас аз дӯстии ҳардуи мо дилаш “дур” намерафт. Моро ҳатто ҷӯраҳои ҷонӣ ном мебурданд. Мутаассифона, вақте ба синфи 10 қадам гузоштем, волидони Сабрина дигар нагузоштанд, ки мо ҳамроҳ гардем.

“Ту духтари калон шудаӣ” гуфта, падараш ӯро аз ман дур кард. Ҳозир мо пинҳонӣ вомехӯрем. Саҳар ман ӯро дар назди истгоҳи пеши хона интизор мешавам ва пас аз дарс ӯро пинҳонӣ гусел мекунам. Лекин вақтҳои охир гумон мекунам ба дӯстдоштаам хиёнат карда истодаам. Чандест оташи ишқи дугонааш Мафтуна дар дили ман шӯъла мезанад. Аввалҳо ба Мафтуна чандон аҳамият намедодам, аммо баъди синфи 11 шуданаш, Мафтуна дар зебоӣ аз ҳама духтарҳои синф гузашт. Аз аввал Мафтуна доимо дар канори Сабрина буд, вале ба ӯ аҳамият намедодам. Худам намедонам барои чӣ дилам яку якбора моили ӯ шуд. Ҳозир қариб, ки дар дилам ишқи Сабрина намондааст. Мафтуна ҳамсояи Сабринаино мебошад. Акнун ҳар саҳар ман ба дидани Сабрина, не ба дидани Мафтуна меравам.Мафтуна нисбат ба Сабрина шӯхтар аст ва бо ӯ зиқ намешавӣ. Ҳайронам, ба Сабрина чӣ гуна фаҳмонам, ки ошиқи дигар кас шудаам ва оё Мафтуна ишқи маро қабул мекарда бошад?

 

Ба хоҳари дӯстам хостгор равон кунам?

Бо Самариддин аз кӯдакӣ рафиқони ҷонӣ ҳастем. Якҷоя мактабро хатм кардем ва якҷоя ба донишгоҳ дохил шудем. Ҳоло ман ӯро мисли бародар эҳтиром менамоям, зеро аз давраҳои мактабӣ бо ман рафиқ буд. Ёдам ҳаст, ки боре ҳамсинфонам аз номи ӯ ба ман ҳар гуна гапҳоро расониданд, ки ӯ гӯё маро ҳақорат карда, гапҳои қабеҳ гуфта бошад. Мани зудбовар низ ба назди ӯ рафта, хархаша кардам ва мушткӯбӣ кардем. Ҳамин охирон ҷанги мо буд. Ҳоло ман бояд хонадор шавам. Чун дӯстамро беҳтар аз ҳама мешиносам ва оилаашро низ мисли оилаи худ медонам, мехоҳам ба хонаи онҳо хостгор фиристам.

Пештар ҳангоми ба хонаи дӯстам рафтан, ба хоҳари ӯ аҳамият намедодам, зеро духтарчаи хурд буд. Беҳуда намегуфтаанд, ки “духтар тухми шайтон асту зуд калон мешавад”. Хоҳари дӯстам низ зуд калон шуд ва имсол чанд бор ба хонаи онҳо рафта, бо дидани ҳусну ҷамолаш моту мабҳут шудам. Акнун ният дорам, ки ба хонаи онҳо хостгор фиристам, вале метарсам, ки мабодо риштаи дӯстии мо канда нашавад, агар онҳо розӣ нашаванд, шояд ба ман сахт расад. Баъдан ман дигар ба рӯйи дӯстам чӣ гуна нигоҳ мекунам. Аз он ҳарос дорам, ки дӯстам аз ман чунин суол кунад:

-Ту ба хонаи мо барои тамошои хоҳарам меомадӣ!?

М., аз ш.Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД