Ба ифтихори даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон, ки даҳаи озодӣ аз оташи ҷаҳаннам мебошад, сомонаи ОИЛА.ТҶ тасмим гирифтааст, ки рӯзи 26-уми апрел аз соати 10:00 то 12:00 бо яке аз уламои донишманди кишвар,намояндаи Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон, домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ сӯҳбати рӯ ба рӯ доир намояд.
Хонандагон ва муштариёни сомона метавонанд доир ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, шаби Қадр, закот, фитри рӯза, иди Фитр ва дигар масоили динӣ саволҳои худро дар шарҳ- коменетария нависанд ё ба шумораи 907-46-27-11 занг зананд.