Arzon march 2024
Ба дидори фарзандонам зор шудаам, вале…
3336

 

Салом мухлисону кормандони сомонаи “Оила ТҶ” .

Ман як мардам, марде, ки бо амри тақдир оилаам парешону фарзандонам аз барам дур шуданд. Як падарам, ки то имрӯз ба ёди ҷигарбандонам месӯзаму муштоқи рӯяшон шудаам. Шояд сангам занед, ки чаро фарзандонамро дар нимароҳ гузоштам, шояд дашном диҳед, ки чаро ба хотири фарзандон зиндагиамро идома надодам?

Ҳар чӣ мегӯед, ҳақ ҳастед. Вале тақдир ҷудоии ману фарзандон ва сӯзу фироқро барои ҳамешагӣ дар сарнавиштам навишта будааст. Соли 2005 бо собиқ ҳамсарам хонадор шуда, то соли 2010 зиндагии якҷоя доштем. Аз ҳаёти муштараки мо Аминҷон ва Нозия ба дунё омад.

Бо амри тақдир ва бо сабаби ҳамдигарнофаҳмӣ оилаи мо дарҳам зад ва ду кӯдакам дар дасти модарашон монд. Тибқи қарор суд ба фарзандонам алимент месупоридам ва дар вақти идҳо кумак ҳам мекардам. Бо сабабҳои фарзандонамро ба номи бобои модариаш гузаронидан, бо қарори суд алиментдиҳиам бекор карда шуд.

Айни ҳол писарам Аминҷон 16 сола ва духтарам Нозия 13 сола мебошад. Духтарчаам дар хонаи бибиш, дар ноҳияи Ш. Шоҳин зиндагӣ мекунаду писарам Аминҷон бошад дар кадом литсей дар шахри Душанбе мехонад ва ҷои истиқоматаш бароям номаълум аст.

Гоҳҳо духтарамро дар мактаб мебинам, вале намедонад, ки ман падараш ҳастам. Писарам бошад маро мешиносаду вале дил сард аст.

Ҳар лаҳзава ҳар соат дилам барои онҳо хун мегиряд. Мехоҳам онҳоро ба оғӯш гираму ба тамошо барам, вале намедонам, ки тақдир аз ин сахтар дар тақдири ман чиро навишта бошад?

Ҳарчанд соҳиби оила ва 3 фарзанди дигар ҳастам, вале дилам барои ҷигарбандонам гум мезанад. Чӣ кор карданамро намедонам. Мақсад аз навиштани зиндагиам таскин бахшидани алангаи дилам мебошад. Агар ин ҳарфҳои маро писарам Аминҷон мехонад, хоҳиши зиёд дорам, ки барои вохӯриамон имкон фароҳам биёраду интизориҳоям поён ёбад. Хеле пазмонатон гаштаам, ҷигарбандони ба дил назидку аз чашм дурам!

Шуҳрат, н. Ш.Шоҳин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД