Sebiston new 2024 october
Ба бачаи кӯлобӣ ошиқ шудам, вале...
06.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1353

Салом! Ман духтари 18-сола ҳастам ва дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат пурсиданиям.

Дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, ба камол расидаам, вале бо сабаби камбағал будани падару модарам натавонистам таҳсиламро дар ягон мактаби олӣ давом диҳам. Айни замон дар як корхонаи қаннодӣ кор мекунам. Оилаи мо калон аст, се духтару се писар ҳастем, аммо ягон нафарамон соҳиби маълумоти олӣ ё касбу ҳунар нестем. Бо сабаби камбағалӣ тамоман бесавод мондем. Бародаронам дар сохтмон кор карда, рӯзи дароз қуму семент мекашонанд ва базӯр зиндагиамонро пеш мебаранд. Апаи калониам шавҳар карда ба Русия рафт, апаи дуюмам бошад, аз шавҳараш ҷудо шуда, бо фарзанди маъюбаш дар хонаи мо зиндагӣ мекунад. Дар як дуҳуҷрагӣ падарам, се бародарам ман ва апаам бо кӯдакаш базӯр меғунҷем. Имконияти хонаи дигар харидан надорем. Бечора акаҳоям бо сабаби бехонагӣ зан гирифта наметавонанд. Падарам маъюб аст, модарам бошад, чанд моҳ пеш аз дунё гузашт. Зиндагиамон бисёр вазнин аст ва бо сабаби камбудиҳои рӯзгор қариб ҳар рӯз дар хонаамон ягон ҷанҷолу моҷаро сар мезанад.

Ростӣ аз ҷангу ҷанҷол безор шудаам. Мехоҳам шавҳар карда равам ва аз баҳсу мунозираҳои оилавӣ халос шавам. Ҷавони кӯлобиеро дӯст медорам, вале падарам ба издивоҷи мо розӣ нест. Дӯстдоштаам мардона ба қавлаш вафо намуда, чанд бор ба хонаамон хостгор фиристод, лекин падару бародаронам қабул накарданд. Падарам мегӯяд, ки ман як духтарамро дар роҳи дур дар Россия ба шавҳар дода, сахт пушаймон шудам, чунки фарзандам на дар бемориам омада метавонаду на дар рӯзи шодӣ дар паҳлуям аст, дигар ба одамони роҳдур духтар намедиҳам...

Ростӣ чанд нафар дӯстони падарам низ маро барои писаронашон хостгорӣ карданд, аммо розӣ нашудам, чунки дилам ба ҳамон ҷавони кӯлобӣ кашол аст. Хешовандонамон мегӯянд, ки бачаҳои ин минтақа фиребгаранд, ин ҷавон туро ба занӣ гирифта, ба деҳа бурда мемонад ва дар шаҳр зани дуюм гирифта, кайфу сафо карда мегардад. Хизматгор шуда, як умр оғил рӯфта мегардӣ...

Дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрон мондаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

М. С., сокини шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД