arzon replenishment
БА ҒАЙРИ ТУ БО КАСЕ АРӮСӢ НАМЕКУНАМ!
08.03.2021
Р. Азимӣ
3864

 

Наргисҷон, чаро ту ба суханҳоям бовар надорӣ? Чандин бор гуфтам, ки ман Саидаро дӯст намедорам. Барои исботи гуфтаҳоям борҳо аз Саида хоҳиш намудам, ки бо ман гап назанад, аз ман дур бошад, то ки дили ту ором гирад. Вале ту пайваста занг зада, ҳам асаби худу ҳам асаби маро хароб мекуниву маро булҳавас мехонӣ. Охир ман танҳо туро дӯст медорам. Он рӯзе, ки маро бо ӯ ҳамсӯҳбат дида будӣ, мо дар бораи имтиҳонҳо гап мезадем. Хоҳиши бо ӯ ҳамсӯбат шуданро надоштам, вале Саида маро саволборон мекарду ба сӯҳбат кардан водор менамуд.

Ман мардам ва дар ваъдаам устувор мемонам. Ба ғайри ту бо ягон духтар муносибат надорам. Бовар кун, тамоми ҷӯраҳоям бо ду-се духтар ишқварзӣ мекунанду ба ҳоли ман, ки танҳо туро дӯст медорам, механданд. Ту бошӣ ба ман бовар надорӣ. Илтимос, ба зангҳоям ҷавоб деҳ, телефонатро хомӯш накун, ки дигар тоби азобҳоятро надорам. Бори дигар, гаштаву баргашта такрор мекунам, ба ҷуз ту ба ман бонуи дигаре даркор нест!

Шояд ту дигареро дӯст доштаиву бо ҳамин роҳ аз ман дурӣ меҷӯӣ? Агар чунин бошад, маро азоб мадеҳ, рӯирост иқрор шав, ман туро ба ҳолат мегузорам. Лекин дар хотир дор, ки агар рафтам, дигар ҳеҷ гоҳ пас намегардам. Нағз фикр кун, зеро дар дунё касе туро ба мисли ман дӯст нахоҳад дошт.
Абдулло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД