Салом! Ман духтари деҳотӣ ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам.
Дар деҳа ба дунё омада бошам ҳам, дар мактаб аъло мехондам ва бо дониши худам ба донишгоҳ дохил шудам. Ҳушу ёдам танҳо ба хондан банд буд, аммо тавре мегӯянд, ишқ мисли меҳмони нохонда дари дили касро ногаҳонӣ мекӯбад.
Ман ҳам дар курси дуюм ба ҷавоне ошиқ шудам. Аниқтараш вай муддати тӯлонӣ аз пасам давида, оқибат диламро ба даст овард. Аввалҳо муносибати дӯстдоштаам бо ман хуб буд, худашро Маҷнуни шайдо мегирифт, аммо вақтҳои охир қишлоқӣ гӯён маро масхара карда, паст мезанад. Сабаби чунин рафтор намудани ҷавони дӯстдоштаам шармгиниам мебошад. Вай мехоҳад, ки мо ҳам мисли дигар ошиқон даст ба дасти ҳамдигар дода, дар боғу кӯчаҳо сайругашт кунем, вале ман аз дасташро доштан шарм медорам. Дилдодаи булҳавасам ҳамеша духтарони ороставу перостаеро, ки ҳамроҳи дӯстдоштаҳояшон оғӯш ба оғӯш мераванд, нишон дода, таъкид мекунад, ки духтар бояд ҳамин хел меҳрубону дилёб бошад, на мисли ман чун кунда сарду карахт. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки бе никоҳ даст ба даст дар боғу гулгашту кӯчаҳо гаштан айб аст, маро фаҳмидан намехоҳад. Ваъда дода буд, ки ҳамин сол ба хонаамон хостгор мефиристад, вале чанд рӯз боз аз рӯйи шармгиниам ошиқам бо ман қаҳрӣ аст.
Сарҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам? Ба хотири ишқу муҳаббат пардаи шарму ҳаёро як сӯ партофта, бо ошиқам даст ба даст гардам ё аз баҳри ҷавоне, ки маро қишлоқӣ гуфта масхара мекунаду паст мезанад, гузарам?
М. Г., ш. Душанбе