arzon replenishment
БА АСКАРБАЧАҲО ИМКОНИЯТИ РОЙГОН ДАР МТО-ҲАРБӢ
1487

Минбаъд ҷавонписароне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷ бидуни озмун дохил мешаванд. Ба гуфтаи вакилон ин имтиёз ба хотири ҳавасманд кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешнипҳод мешавад.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" аз ҷониби вакилон баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид.

"Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи мудофиа" ва "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД