arzon replenishment
Ба аҳолӣ чанд соат барқ дода мешавад?
400

Тибқи меъёри муқарраргашта ба аҳолӣ субҳгоҳон бояд аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 22:00 барқ таъмин карда шавад. Аз соати 8:00 то соати 17:00-и рӯз ва аз соати 22:00-и шаб то соати 5:00-и субҳ барқ хомӯш карда мешавад.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъулини шабакаҳои тақсимоти неруи барқ иттилоъ доданд.

Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj дар мавриди он ки чаро дар баъзе минтақаҳо барқ аз меъёр кам дода мешавад ва чаро як қисми сокинони як маҳалла тамоми рӯз бо барқ таъмин мегарданду қисми дигар не, масъулин гуфтанд: “Ба хотири таъмини фаъолияти пурсамари корхонаву муассисаҳое, ки дар минтақаҳо фаъолият менамоянд, ин корхонаҳо бо барқ бидуни лимит таъмин карда мешаванд. Қисми аҳолие, ки рӯзона барқ доранд, ба трансформаторҳои ҳамин корхонаву муассисаҳо пайванд мебошанд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД