Дар рӯи Замин аз сабаби пайдоиши сӯрохи калон дар Офтоб ба амал омадани тӯфонҳои магнитии пурқувват дар назар аст. Дар ин бора хабаргузории URA.RU бо такя ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи кайҳонии Академияи илмҳои Русия ва Пажӯҳишгоҳи физикаи офтобӣ ва заминӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои “Газета.ру”, шоми 21-уми апрел эҳтимоли ба амал омадани тӯфони магнитӣ то 80% афзоиш меёбад. Дар баробари ин, имрӯз, 21-уми апрел дар Маскав фишори пасти атмосферӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре зикр мегардад, рӯзи 22-юми апрел эҳтимоли ба амал омадани тӯфони магнитӣ дар рӯи замин то 85% зиёд мешавад. Рӯзҳои 23-24-уми апрел тӯфони магнитии дараҷаи G2 дар назар аст. Аз 25 то 29-уми апрел муътадил шудани заминаи магнитӣ дар назар дошта шудааст.