Чанд рӯз қабл номаи занеро таҳти унвони “Далер зиндагиямро вайрон карданист” мутолиа намуда, сахт ба ғазаб омадам.
Ман ҳам мард ҳастам ва рафтори номардонаи ҳамҷинси худро, ки нисбати як зан раво дидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қабул карда наметавонам.
Ҳар яки мо зану модар, хоҳару апа дорем ва бояд андеша намоем, ҳар кореро, ки нисбати ҷинси латиф мекунем, ба сари наздиконамон бармегардад. Модоме, ки духтар шавҳар кардаасту зиндагиашро бо шавҳараш ҳалолу пок ба роҳ мондааст, номардона хонаи ӯро вайрон кардан аз рӯи имону виҷдон нест. Ман, агар шахсан он ҷавонро мешинохтам, ҳамчун мард бо ӯ чашм ба чашм суҳбат мекардам.
Ба мардону бачаҳои дигар гуфтанӣ ҳастам, ки ба чунин кирдори зишт даст назананд. Ба зиндагии занҳои шавҳардор дахолат накунед, ин аз рӯи мардӣ нест!
ҶАМШЕД