arzon replenishment
Ба 120 зани ғолиби грантҳои президентӣ диплом супурданд
268

Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 120 зан - ғолибони гранти президентӣ диплом супорида шуд.

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромадаш дар ин ҳамоиш таъкид намуд, ки тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Аз соли 2011 то соли 2013 аз буҷети давлат барои 40 лоиҳаи мақсаднок 1 миллион сомонӣ ҷудо мегардид. Аз соли 2013 то соли 2021 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд. Аз соли 2016 то соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ ба 560 нафар занони мамлакат дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда мешуд. Барои дастгирии минбаъдаи соҳибкории занон соли 2022 маблағҳои грантӣ аз 2 миллион сомонӣ ба 2,5 миллион ва соли 2024 бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағҳои гарнтӣ аз 2,5 миллион сомонӣ ба 5 миллион сомонӣ ва теъдоди лоиҳаҳо аз 80 ба 120 адад расонида шуд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Таъкид шудааст, ки ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон ва давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим ва таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занони хонанишин мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД